Мулоқот бо намояндаи прокуратураи ҳарбӣ

28 январи соли 2020 дар доираи баланд бардоштани омодагиҳои касбии ҳайати шахсӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаи Прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Р.Дарвозиев мулоқот баргузор шуд.

Ҳадафи аслии ин дидор фаҳмонидани масъалаҳо дар иртибот

Дар Тоҷикистон замин такон хӯрд. Аз вайрониву харобӣ гузориш нарасидааст

Бино ба маълумоти Институти зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон 29 январи соли равон соати 14:10 дақиқа бо вақти Душанбе дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Маркази ин заминларза 160 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Сангвор буд.
Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балро ташкил дод

Мулоқоти генерал Назарзода бо Сафири тозатаъини Ҷумҳурии Федералии Олмон

28 январи соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода Сафири навтаъини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Андреас Протманн ва муовини вай ҷаноби Кнут Штайнҳамзерро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Раиси КҲФ ҷаноби Портманнро ...

Корҳои наҷот дар шабонарӯзи гузашта

Зарфи як шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои тоза кардани оби таҳхонаи як бинои истиқоматӣ ва боз кардани дари бастаи оҳанӣ кумак расонданд.

Дар хабари қисми навбатддории Кумита гуфта мешавад, ки аз сокинони як бинои истиқоматӣ воқеъ дар кӯчаи Ғуломови ноҳияи Синои ...

Ҳавопаймои мусофирбари ширкати афғонистонии “Ориёно” дар Ғазнӣ сарнагун шуд

Бино ба иттилои сухангӯи волии Ғазнӣ як ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Орёнои Афғонистон дар наздикиҳои ин шаҳр сарозер шудааст. Ин ҳавопаймо аз Ҳирот ба ҳаво хест ва рӯ ба Кобул оварда буд.

Сухангӯи волии Ғазнӣ гуфтааст, ки ҳавопаймо дар вулусволии Даҳяки Ғазнӣ сарозер шудааст.

Страницы