Зарфи як шабонарӯзи гузашта наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои тоза кардани оби таҳхонаи як бинои истиқоматӣ ва боз кардани дари бастаи оҳанӣ кумак расонданд.
Дар хабари қисми навбатддории Кумита гуфта мешавад, ки аз сокинони як бинои истиқоматӣ воқеъ дар кӯчаи Ғуломови ноҳияи Синои пойтахт хабар расид, ки хати лулаи об кафидааст ва хатари зери об мондани хонаҳои ошёнаи якум таҳдид мекунад. Бо дарёфти даъвати кумак дастаи наҷоти воҳиди вокуниши сареъи Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд. Бо истифода аз таҷҳизоти махсуси обкашӣ обро аз таҳхона кашиданд ва хатари зери об мондани хонаҳои сокинонро рафъ карданд.
Худи ҳамон рӯз хабар расид, ки дар як хонаи баландошёна дари оҳанӣ баста шудааст. Наҷотдиҳандагони Кумита дар фурсати басо кутоҳ бе расонидани осеб дарро боз карданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба шаҳрвандони мамлакат ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки ҳангоми истифода воситаҳои техникӣ эҳтиёт кунанд, қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя намоянд, суръати ҳаракатро дар рӯзҳои барфу борон ва замони яхбандӣ боло набаранд.
Дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода бо телефонҳои 112 ва ё 93 880 28 19 муроҷиат намоянд.