Бино ба маълумоти Институти зилзиласанҷии Академияи илмҳои Тоҷикистон 29 январи соли равон соати 14:10 дақиқа бо вақти Душанбе дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.
Маркази ин заминларза 160 километр шимолу шарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави ноҳияи Сангвор буд.
Қувваи заминҷунбӣ дар маркази он 5-6 балро ташкил дод, дар шаҳри Душанбе он 2-3 балл буд.
Дар ин заминларза дар қаламрави кишвар харобиву вайронӣ ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд