28 январи соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода Сафири навтаъини Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Федералии Олмон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Андреас Протманн ва муовини вай ҷаноби Кнут Штайнҳамзерро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Раиси КҲФ ҷаноби Портманнро барои таъин шуданаш ба вазифаи сафирӣ муборакбод кард ва барояш дар ин кори пурзаҳмат комёбиҳо хост.
Баъдан бо зикри сатҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон сарвари КҲФ дар бораи корҳои анҷомшуда дар самти идораи ҳолатҳои фавқулода дар кишвар, ҳамчунин ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои зидахли кишварҳои хориҷӣ дар ин самт нақл кард.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳо дар самти коҳиши хатари офатҳо, имкониятҳои оғози тарҳҳои муштарак барои воҳидҳои наҷоти КҲФ, омодасозӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар самти кинология ва равоншиносӣ, масоили таҳкими моддиву техникии КҲФ-ро баррасӣ намуданд.
Дар навбати худ Сафири Олмон барои пазироии гарму самимӣ изҳори сипос кард ва изҳор дошт, ки дар давоми фаъолияти дипломатии худ дар кишвари мо ҳама неруи худро сарфи он хоҳад кард, ки ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Олмони Федерол дар ҳама самтҳои барои ҷонибҳо муфид, аз ҷумла бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ёбанд.