Зарфи як шабонарӯзи гузашта КҲФ дар роҳандозии корҳои поксозӣ беш аз 7 тонна маҳлули гипохлорит истифода кард

Гурӯҳҳои зудамали Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ аз густариши короновирус басо фаъолона ҷойҳои пурҷамъият ва маконҳоеро, ки маъмулан одамон бештар таҷаммуъ мекунанд бо истифода аз маҳлули гипохлорити натрий ва калсий поккорӣ мекунанд.

CОVID-19: Шумори сироятшудагон ба короновирус дар кишвар ба 128 нафар расид. Маргумир дар Аврупо коҳиш ёфтааст, сироят дар Русия афзоиш

Вазорати тандурустии Тоҷикистон субҳи имрӯз, 4-уми май шумори гирифторон ба короновирус дар кишварро 128 нафар эълон кард. Ин вазорати дар бахши дигар аз хабари худ гуфтааст, ки аз миёни ин 128 нафар 2 нафар фавтиданд. Дар ҳамин ҳол гузориш мерасад, ки ҳодисаи маргумир бар асари короновирус дар Аврупо рӯ ба коҳиш меорад. Ҳукуматдорони Италия, Фаронса ва Испания дар бораи таҷдиди назар ба низоми карантин

Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар Тоҷикистон 32 нафар эълон шуд

То 2 майи соли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 ҳодисаи тасдиқшудаи бемории сироятии коронавируси нави CОVID-19, аз ҷумла 17 ҳодиса дар шаҳри Душанбе, 5 ҳодиса дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 10 ҳодиса дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бино ба иттилои манбаъ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи

АМРИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар муддати се моҳ ҷиҳати пардохти иловапулӣ дар ҳаҷми як маоши вазифавӣ ҳармоҳа ба музди меҳнати амалкунандаи кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ (аз ҷумла кормандони ҳайати техникӣ), ки бевосита дар

КҲФ огоҳ мекунад: боронҳои сахт дар назаранд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба иттилооти Агентии обуҳавосанҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, то 5 майи соли 2020 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар шакли борону жоларезиҳои шадид ва раъду барқ боқӣ хоҳад монд. Санаи 4 май дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон вазиши шамол бо шиддати...

Страницы