COVID-19: Донишҷӯёни қирғиз ҳушдор доданд, ки агар давлат ба тахфифи 50% ҳақи таҳсилашон дар макотиби олӣ мусоидат накунад, даст ба тазоҳурот ва гуруснанишинӣ хоҳанд зад

Шумори гирифторон ба вируси корона дар олам аз 92 миллион гузашт. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ теъдоди фавтидагон аз ин беморӣ дар оламро 1 миллиону 971 ҳазору 724 нафар эълон намуд. Ҳоло 110 ҳазору 135 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. 65 миллиону 927 ҳазору 377 нафар пурра муолиҷа шудаанд.  Вазорати тандурустӣ ва  ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки то ба имрӯз дар кишвар 13 308 нафар гирифтори...

Се соҳибҷоизаи Кумитаи ҷавонон аз миёни наҷотдиҳандагони ҷавони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст намуд ва соҳибҷоизаҳо дар соҳаҳои мухталифи фаъолияти ҷавононро ном бурд.

Чунончӣ, дар номинаи “Барои ҷасорат ва мардонагӣ” ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои худ се нафар кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди...

Covid-19: Шумори гирифторон дар олам беш аз 91 миллион. Чин билохира ба мутахассисони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иҷозаи вуруд ва таҳлилу ташхиси вируси корона дар Вуҳон дод

Шумори мубталоён ба КОВИД-19 дар олам ба 91 миллиону  322 ҳазору 850 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи сипаришуда ба ин вирус боз 284 285 нафар сироят шуданд. То кунун аз ин вирус дар саросари олам 1 миллиону 952 ҳазору 979 тан ҷони худро аз даст додаанд. Шумори муолиҷашудагон 65 миллиону 317 ҳазору 636 нафар эълон шудааст.

Баргузории ҷаласаи Коллегияи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода. Интиқоди генерал Назарзода аз фаъолияти ду Сарраёсати Кумита

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Сарвари Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода, бо иштироки сармутахассиси Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Далершо Ҳусейнов ҷаласаи ҳайати мушовара дар бораи натиҷаҳои фаъолияти амалиётӣ ва хизматӣ барои соли 2020

COVID-19: Шумори ҷонбохтагон дар олам ба 2 миллион наздик мешавад. Таҳлилгари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд гунаи британиёии коронавирус дар олам ба суръати бештар паҳн мешавад.

Шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам ба  90 миллиону 702 ҳазору 906 нафар расид. Зарфи як шабонарӯзи гузашта боз 215 364 нафари дигар чун мубтало ба коронавирус ба қайд гирифта шуданд. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинзи ИМА то кунун аз ин беморӣ дар олам 1 миллиону 943 ҳазору 432 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар шабонарӯзи гузашта боз 3 264 нафар фавтиданд. Шумори пурра муолиҷашудагон 64

Страницы