Кумак ба сокинон барои бартараф намудани ду рӯйдоде, ки метавонист зарар оварад

Ду рӯйдоди ногаҳонӣ дар шаҳри Душанбе. Ҷойе қубури интиқоли об канда шуд ва манзили сокинонро пуроб кард. Ҷойи дигар боди сахт як чинори азимро чаппа кард ва хатаре ба раҳгузарон эҷод намуд. Дар ду ҳолат ҳам кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе даст ба кор шуданд ва ба кумаки сокинон сари вақт расиданд.

Коҳиши шумори мубталоён ба маънои пок шудани Тоҷикистон аз коронавирус нест

Кам шудани омори гирифторон ва афзудани шумори шифоёфтагон ҳаргиз ба маънои он нест, ки коронавирус аз Тоҷикистон берун шуда бошад ва ё куллан маҳв шудааст. Чораву тадбирҳое, ки Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо КОВИД-19 меандешад, баёнгари он аст, ки ин вирус ҳамоно вуҷуд дорад ва сокинон ҷиддан бояд қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоянд.

Чин панголинро аз феҳристи доруҳои суннатӣ хориҷ кард. Оё ин ҳайвон низ интиқолдиҳандаи вируси корона буд?

Бино ба гузоришҳои расида аз Чин ин кишвар панголин ё ҳамон мурчахӯри  пулакдорро аз феҳристи расмии доруҳои сунатии чинӣ хориҷ кардааст. Ин иқдом, ки рӯзномаи “Тоймз беҳдошт”-и Чин гузориш кардааст, дар пайи он гирифта шуд, ки давлати Чин панголинро таҳти бештарин ҳифозат қарор дод.  Шикори ғайриқонунӣ барои ҷамъоварии пулак ва гӯшт ин пистондори камёбро ба марзи инқироз рондааст. 

CОVID-19 – Тоҷикистон: Сироятшудагон 4763 нафар, шифоёфтагон 2947 нафар

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соати 18:00 дақиқаи 10  июн  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4763 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави CОVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то имрӯз дар мамлакат 2947 (61,8%) нафар шифо ёфтаанд.  Манбаъ ҳамчунин иттилоъ дод, ки то кунун аз ин беморӣ дар кишвар 48 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 нашр шуд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солномаи “Шарҳи вазъи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждани дар соли 2020”, ки аз ҷониби мутахассисони КҲФ бо дастгирии молиявии САҲА омода шудааст, нашр кард.

Дар Шаҳр ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 рух дод ва натиҷаи татбиқи...

Страницы