Хабарҳо аз COVID-19 дар олам. Шумори мубталоён аз 103,5 миллион ва ҷонбохтагон аз 2 миллиону 237 ҳазор гузашт
Чоп шуд: 01/02/2021 | admin
Бино ба иттилои Донишгоҳи Ҷонз Ҳокинзи ИМА шумори гирифторон ба вируси корона дар олам ба 103 миллиону 528 ҳазору 864 нафар расид. Ҳамоно ИМА (бо 26 183 915 гирифтор), Ҳинд (бо 10 746 183 сироятшуда ), Бразилия (бо 9 204 731 мубтало), Британияи Кабир (бо 3 828 183) ва Русия (бо 3 808 348 гирифтор) панҷ кишваре мебошанд, ки аз ҳама бештар сироятшуда доранд.