Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ба номи Умари Хайёми ҷамоати шаҳраки Адрасмони шаҳри Гулистони вилояти Суғд «Рӯзи мудофиаи гражданӣ»-и намунавӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар он 700 нафар хонандагон 80 нафар омӯзгорон директорон, омӯзгорони омодагии дифои ҳарбии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва ҷамоати шаҳракҳо, намояндаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд, раиси ҷамоати шаҳрак ва намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр иштирок намуданд.
Чорабинӣ аз саҳни муассиса оғоз шуд.
Сипас дарсҳои кушод дар синфҳои 2-6 дар мавзӯъҳои ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, ёрии аввалияи тиббӣ ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, озмуни расми беҳтарин дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда, усулҳои муҳофизати хонандагон аз оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва дар байни синфҳои 6 викторина доир ба мудофиаи гражданӣ ва ҳолатҳои фавқулодда гузаронида шуд.
Баъдан бонги хатар садо дод ва хонандагон бо риояи дурусти амалҳо ба ҷойҳои бехавфи саҳни муассиса баромаданд.
Гурӯҳҳои наҷот ҳамаи вазифаҳои дар наздашон гузошташударо дар хабардорсозӣ, гузаронидани корҳои иктишофӣ, наҷот додани зарардидагон, расонидани ёрии аввалини тиббӣ хомӯш намудани сӯхтор ва дигар ҳолатҳои ба вуқӯъ омада дар муассиса бо пуррагӣ ба анҷом расониданд.
Дар рафти тамринот хадамотҳои мудофиаи граждании шаҳрак марҳила ба марҳила вазифаҳои дар наздашон гузошта шударо сари вақт ва бо сифати баланд иҷро намуданд.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ иштирокчиёни фаъол бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, рӯзҳои Мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд дар дигар муассисаҳои вилоят дар асоси ҷадвали тасдиқ гардида ташкил ва гузаронида мешаванд.