Имзои Ёддошти тафоҳум миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба макони зист

Рўзи 20 апрели соли ҷорӣ маросими имзои Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Оғохон оид ба макони зист баргузор шуд.

Маврид ба ёдоварист, ки рўзи 14 апрели соли 2021 дар ноҳияи Сангвор маросими ба истифода супоридани бинои навбунёди Паноҳгоҳ барои осебдидагони офатҳои табиӣ баргузор шуда буд. Ин бино барои муваққатан ҷо намудани осебдидагони офатҳои табиӣ муқаррар гардида, аз хобгоҳ барои 25 нафар, ҳуҷраи омӯзиши кӯдакон, ҳуҷраи модару кўдак, ҳуҷраи тиббӣ, ошхона, ҳаммом ва ҳоҷатхона иборат мебошад. 

Бинои мазкур  бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ сохта ба истифода дода шуд.

Дар маросими ба истифода додани бинои ёдшуда як ҳайат аз Кумита бо сарварии муофини Раиси КҲФ полковник Сулаймон Исозода, Раиси ноҳияи Сангвор Маҳмадшоҳ Давлатзода Ғайрат  корманди масъули Агентии Оғохон оид ба макони зист таҳти роҳбарии Наҷиб Яминов иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Муовини Раиси Кумита ба шарикон барои дастгирӣ ва анҷоми ин тарҳи бунёдӣ изҳори сипос намуд. Вай гуфт ин бино дар оянда барои паноҳ додани осебдидагони офатҳои табиӣ дар минтақа хидмат хоҳад кард ва ин боис хоҳад шуд, ки хатари зарари офатҳо коҳиш ёбад.

Наҷиб Яминов-намояндаи Агентии Оғохон оид ба муҳити зист иброз дошт, ки ин ниҳод дар оянда низ дар тарҳҳои бунёдии пешниҳодшуда аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолона ширкат хоҳад кард.   

Дар анҷоми маросим Раиси ноҳия Давлатзода Маҳмадшоҳ Ғайрат барои сохтмон ва бунёди чунин бинои муҳим, ташкил ва таҷҳизонидани гурўҳи ихтиёрии наҷотдиҳӣ, ташкили захираи маводи ғайрихурока дар як ноҳияи осебпазири дурдаст ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ изҳори миннатдорӣ намуд. 

Ёддошти тафоҳуме, ки рӯзе қабл ба имзо расид, ҳамкориҳои минбаъда миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба макони зистро тақвият мебахшад.

барчасп: