14 нафар хатмкардагони як давраи омӯзишии забони англисӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросим супурдани шаҳодатномаҳо ба ширкаткунандагони давраи омӯзишии забони англисӣ баргузор шуд. 14 нафар хатмкардагони ин давраи омӯзишӣ, ки се моҳ идом а дошт, соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.

Ин дуюмин давраи омӯзишӣ барои кормандони Кумита ба ҳисоб меравад. Давраҳои омӯзишии мазкур дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд. Хатмкардагони давраи омӯзиширо аз номи роҳбарият муовини раиси Кумита полковник С. Исозода, ҳамчунин масъули Сафарати Ҳиндустон дар Тоҷикистон муборакбод карданд.

Маврид ба ёдоварист, ки ин гуна давраҳои омӯзишӣ дар Кумита пайваста роҳандозӣ мешаванд ва ташкили чунин давраҳои омӯзишии забони англисӣ барои дигар кормандон дар оянда идома хоҳад ёфт.

 

Маҳмаднаим Маризоев,

сардори Раёсати ҳамкориҳои

байналмилалӣ, полковник

барчасп: