Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар асоси иҷрои бандҳои ҷаласаи ҳайати мушовираи Кумита аз 9-уми апрели соли 2021 бо мақсади такмил додани савияи дониш, малакаи касбии афсарон аз 19 то 24-уми апрели сол равон дар Раёсат мағулиятҳои фармондеҳӣ ва омӯзишии Қонун ва Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ мегузаронад.
Дар машғулияти мазкур афсарони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукум ати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва афсарони шуъбаву бахшҳои Раёсати Кумита дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷалб карда шуданд.
Ин машғулиятҳо, ки ҳадаф аз он таҳкими донишҳои сиёсӣ мебошад, аз ҷониби афсарони ботаҷрибаву донишманди Раёсат роҳандозӣ шудааст.