Мусобиқаи варзишии "Худро наҷот деҳ ва дигаронро муҳофизат намо!"

15 октябри соли 2020, дар доираи нақшаи тасдиқшудаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гаржаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита бо иштироки хонандагони ду муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе чорабинии...

Covid-19: Фаронса шабгардии шаҳрвандонро маҳдуд кард, Британия мегӯяд “тадбирҳои маҳдудкунандаи сахтгирона” эълон хоҳад кард

Субҳи имрӯз, 17 октябри соли 2020 аз сирояти 39 миллиону 593 ҳазору 885 нафар ба коронгавирус дар олам хабар дода шуд. Аз ин беморӣ то кунун дар кулли кишварҳо 1 миллиону 109 ҳазору 249 нафар ҷон бохтаанд. Муолиҷашудагон 29 миллиону 661 ҳазору 122 нафар гуфта шудааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки шумори мубталоён ба коронавирус дар кишвар ба...

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Фоҷеаи Колумб - дарёнавард ва кишваркушои машҳур, адмирали баҳру уқёнус. Анҷом

Адмирал аз Доминик ба Эспанола равон шуд ва дар роҳ ҷазираҳои зиёдеро кашф кард. Бисёри онҳо имрӯз ҳам номҳоеро ҳифз кардаанд, ки Колумб дода буд: Гваделупа — ба шарафи ибодатгоҳи машҳури Испания Марияи Муқаддас дар Гвадалупа, Монсеррат — ба ифтихори ибодатгоҳ дар Каталония, Сан-Кристобал — ба шарафи ҳокими Колумб, Христофори Муқаддас, ки баъдан онро инглисҳо ишғол карданд ва номашро ҳамон

Covid-19: Дар олам беш аз 39 миллион нафар ба коронавируси нав сироят шуданд. Олмон аз шаҳрвандонаш хост фосилаи иҷтимоиро риоя кунанд

Субҳи имрӯз эълон шуд, ки шумори сироятшудагон ба коронавирус Covid-19 дар саросари олам аз 39 миллион гузашт. Дар як шабонарӯз 133 ҳазору 179 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 103 ҳазору 379 нафар фавтидаанд ва дар 24 соати гузашта 2621 мубтало ба коронавирус тарки олам кард. Ҳамзамон аз муолиҷаи пурраи 29 миллиону 397 ҳазору 835 нафар хабар дода мешавад.

Ҷамъбасти фаъолияти Раёсату шуъбаҳои КҲФ дар 9 моҳ

Дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва вилояти Хатлон, инчунин дар шуъбаҳои минтақаҳои Кӯлоб ва Рашт натиҷаҳои фаъолият дар 9 моҳи соли 2020 ҷамъбаст карда шуданд, ки дар он роҳбарияти Кумита ва роҳбарони шӯъбаҳои асосии Кумита ширкат варзиданд.

Страницы