Наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷоти вилояти Суғд давраи омўзишии “Таҳкими зарфияти амалиётҳои саҳроӣ”, ки аз 29 март то 23 апрели соли ҷорӣ идома дошт, ба анҷом расонданд.
Дар маросими хатми ин давраи омӯзишӣ полковник Ҳотамшо Латифзода -муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Теа Джалиашвили муовини роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноб Антони Миш - менеҷери лоиҳаи «Босуботгардонии минтақаи марзии ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон» иштирок намуда, ба имдодгарон шаҳодатномаҳо супориданд.
Барои аз наздик шиносоӣ пайдо намудан аз шароити кории Дастаи махсуси зудамали наҷот дар саҳни ҳавлӣ автомошинаҳо, таҷҳизоту лавозимоти махсуси наҷот ба намоиш гузошта шуда, аз ҷониби командири Даста капитан Абдумалик Абдуҳамидов муаррифӣ гардиданд.
Сипас меҳмонон аз синфхонаи махсус барои омода намудани имдодгарон, ки дар Маркази таълимӣ – методӣ соли 2018 ташкил карда шудааст дидан намуданд, таҷҳизоту лавозимоте, ки ҳамарӯза наҷотдиҳандагон барои баланд бардоштани малакаву маҳорати касбӣ машғулиятҳо мегузаронанд подполковник Муҳиддин Абдусамадов – сардори Маркази таълимӣ-методӣ ба меҳмонон муаррифӣ намуд.
Баъдан дар толори маҷлисгоҳи Раёсат полковник Ҳотамшо Латифзода -муовини якуми Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Теа Джалиашвили муовини роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноб Антони Миш - менеҷери лоиҳаи «Босубботгардонии минтақаи марзии ҷанубии Тоҷикистон бо Афғонистон» ба наҷотдиҳандагон шаҳодатномаҳои хатми бомувафаққияти давраи омӯзиширо супурданд.
Ёдовар мешавем, ки дар давоми 4 ҳафта 16 нафар наҷотдиҳандагон малакаҳои худро дар амалӣ намудани усулҳои муосири амалиёти наҷот бо истифодаи як қатор таҷҳизоти махсуси имдодрасонӣ ва воситаҳои муҳофизати шахсӣ такмил доданд. Имдодгарон аз нигоҳи назариявӣ донишҳои худро такмил дода, дар амал бо ёрии воситаҳои техникӣ ва таҷҳизот омӯхтаҳои худро санҷида ва малакаву маҳорати худро комил намуданд.
Ш. Бутаева, сардори
бахши кор бо ҷомеаи
Раёсат, лейтенанти калон.