Ҳолати пиряхҳои мавзеи дараи Камароб

Дар даҳсолаҳои охир мониторинги пиряхҳо дар ҳудуди қаторкўҳи Қаротегин, аз ҷумла ҳавзаи дараи Камароб гузаронида нашудааст ва ҳолати кунунии онҳо арзёбӣ нагардидааст. Солҳои 60-70-уми асри гузашта бо мақсади омўзиши пиряхҳо дар ҳудуди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Институти географияи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шўравӣ якчанд экспедитсияи глятсиологӣ сурат гирифта буд ва натиҷаҳои ин таҳқиқот дар

Анҷоми як давраи омӯзишии дурӯза дар КҲФ

Давраи омӯзишии дурӯза барои роҳбарон ва кормандони масъули Марказҳои таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе, Хатлон, вилоятҳои Суғд ва ВМКБ амал мекунанд, ба анҷом расид.

 30 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба равишу...

Covid-19: Шумори мубталоён дар Тоҷикистон аз 11 ҳазор нафар гузашт. Маркази пандемия аз Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ бори дигар ба Аврупо кӯчид

Субҳи имрӯз аз сирояти 47 миллиону 854 ҳазору 043 нафар ба Covid-19 дар олам хабар дода шуд. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ танҳо шабонарӯзи гузашта 148 ҳазору 638 нафар ба ин вирус сироят шудаанд. Шумори  фавтидагон дар олам ба 1 миллиону 220 ҳазору 535 нафар расид ва ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд 34 миллиону 357 ҳазору 609 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Вокуниши фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба як номаи корбари Фейсбук. Талошҳо барои наҷоти мошини Афзалшо Шодиев аз ҷарии умқаш 15 метр

“Ин  рӯзи шанбе, 31 октябри соли 2020 буд.Ронанда гуфт, ки дуюмин рӯз аст интизори ёрист, вале касе ба кумакаш намерасад. Вай дар қарз ғутавар шуду ба 21 ҳазор доллар ин мошини самосвалро харид. Аз Айнӣ ба Душанбе ангишт мекашид. Вале бадбахтӣ рух дод. Рул аз итоат берун шуд ва мошин ба дарёи Яғноб сарозеш шуд. Ширкате, ки ангишти онро мекашад, аз кумак саркашӣ кард. Ба назар мерасад вай аз онҳо ангишт...

ХАБАРИ ҶОЛИБ: Баъди 91 соати заминларзаи харобкор дар Измири Туркия як духтари чорсоларо зинда берун оварданд

Аз зери вайронаву шикастапораҳову тӯдаи хоку оҳану бетон дар Измири Туркия духтарчаи чорсоларо пайдо карданд, ки зинда буд. Шаҳрдори Измир Тунч Сойер дар Твиттери худ навиштааст, ки “навгоние дорем, нишотбахш. Имдодгарон билохира то ба тифли зинда расиданд”.

Расонаҳои хабарӣ дар гузоришҳои худ аз ин духтар Айда

Страницы