Анҷоми як давраи омӯзишии дурӯза дар КҲФ

Давраи омӯзишии дурӯза барои роҳбарон ва кормандони масъули Марказҳои таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Душанбе, Хатлон, вилоятҳои Суғд ва ВМКБ амал мекунанд, ба анҷом расид.

 30 корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба равишу усулҳои нав дар соҳаи таълими мудофиаи гражданӣ шинос шуданд. Ин давраи омӯзиши бо дастгирии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе баргузор шуданд.

 Дар маросими анҷоми давраи омӯзишӣ муовини раиси КҲФ полковник Салимзода М. ба Дафтари намояндагии САҲА барои дастгирӣ сипосгузорӣ кард ва изҳори умед намуд, ки дар оянда низ чунин давраҳои омӯзишӣ барои дигар кормандони Кумита роҳандозӣ хоҳанд шуд.

барчасп: