Вокуниши фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба як номаи корбари Фейсбук. Талошҳо барои наҷоти мошини Афзалшо Шодиев аз ҷарии умқаш 15 метр

“Ин  рӯзи шанбе, 31 октябри соли 2020 буд.Ронанда гуфт, ки дуюмин рӯз аст интизори ёрист, вале касе ба кумакаш намерасад. Вай дар қарз ғутавар шуду ба 21 ҳазор доллар ин мошини самосвалро харид. Аз Айнӣ ба Душанбе ангишт мекашид. Вале бадбахтӣ рух дод. Рул аз итоат берун шуд ва мошин ба дарёи Яғноб сарозеш шуд. Ширкате, ки ангишти онро мекашад, аз кумак саркашӣ кард. Ба назар мерасад вай аз онҳо ангишт мехарад, вале корманди ширкат нест. Аз соҳибони роҳ интизори ёрист. “Ман акнун ин қарзро чӣ гуна бармегардонам ва боз хонаводаамро аз кадом ҳисоб мехӯронаму мепӯшонам?”, мегӯяд ҷавон, ки хеле ғамгин аст....”

Ин нома дар саҳифаи корбари Фейсбук Сайфиддин Караев интишор ёфтааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фавран вокуниш нишон дод ва ин посухи аввал:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи натиҷаи тафтиши ҳолати баамаломада ва ёрии фаврӣ ба ҷабрдида расман хабар медиҳад:

Барои муайян кардани ҳолатҳои ба миёномада рӯзи 3 октябри соли равон як гурӯҳи ҷустуҷӯӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагони КҲФ дар ноҳияҳои Зарафшон ташкил карда шуд. Маълум гашт, ки 31 октябри соли 2020 дар километри 97-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, дар наздикии деҳаи Такфони ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнӣ мошини тамғаи “Дулан” бо 30 тонна ангишт ба самти Душанбе дар ҳоли ҳаракат буд. Мошин аз ҷониби Афзалшо Шодиев, сокини шаҳраки Зарафшон-2, ҷамоати Зарафшони ноҳияи Айнӣ идора мешуд. Дар нуқтаи нишондодашуда ронанда натавонист аз уҳдаи идораи мошин барояд ва дар натиҷа мошин ба ҷарии умқаш 15 метр дарёи Фон сарозер шуд.  Дар ин садама худи ронанда осеб надид. То 3 ноябр на ронанда ва на каси дигар барои кумак ба КҲФ муроҷиат накардаанд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ ҳамроҳ бо кормандони хадамоти роҳи “IRS” бо ёрии 3 техникаи махсус барои аз ҷарӣ берун кашидани мошини боркаш талош доранд. Дар айни замон корҳо барои бартараф кардани паёмади ин садамаи нақлиётӣ идома доранд. 

Аз анҷоми кор хабар нашр хоҳад шуд. 

барчасп: