Covid-19: Президенти Украина Зеленский ва сарвари дафтари вай Ермак низ ба КОВИД-19 сироят шудаанд

Шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар олам ба  51 миллиону 245 ҳазору  233 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар дунё 121 ҳазору 727 нафар мубтало ба ин вирус шудаанд. Шумори фавтидагон дар як рӯз 2 ҳазору 50 нафар эълон шуд ва аз аввали пандемия аз ин беморӣ 1 миллиону 269 ҳазору 325 нафар ҷон бохтаанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран эълон кард, ки то кунун аз коронавирус КОВИД-19 36...

Оғози як давраи омӯзишии даҳрӯза барои кормандони Хадамоти зидди жолаи КҲФ (ВИДЕО)

Бо мақсади омода намудан ва бозомӯзии мутахассисони хадамоти зидди жолаи КҲФ дар Маркази таълимӣ ва методии ҷумҳуриявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраҳои омӯзиши барномаҳои компутерӣ барои кормандони ин хадамот оғоз ёфт.

Дар маросими ифтитоҳ Раиси Кумита, генерал-лейтенант...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: СЕ РӮЗИ ОЯНДА БА САРДИҲО ОМОДА БОШЕД!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар, аз 10 то 13 ноябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ коҳиши дамои ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо боришҳои шадид дар водиҳо ва баландкӯҳҳо, ки билохира метавонад ба барфи тар табдил шавад, пешбинӣ шудааст. 

Covid-19: Шумори сироятёфтагон дар олам ба 51 миллион наздик мешавад. Сеюмин рӯз аст, ки дар Русия дар як шабонарӯз беш аз 20 ҳазор мубталои навро сабт мекунанд

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори мубталоён ба коронавирус Covid-19-ро 50 миллиону 739 ҳазору 516 нафар эълон намуд. Ин манбаъ гуфт, ки дар шабонарӯзи сипаришуда боз 91 ҳазору 152 нафар дар саросари олам чун мубталои нав ба қайд гирифта шуданд. Аз КОВИД-19 дар саросари дунё 1 миллиону 262 ҳазору 147 нафар фавтидаанд. Аз ин беморӣ то кунун 35 миллиону 796 ҳазору 183 нафар пурра муолиҷа шудаанд.

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. РОҲИ КОНКИСТАДОРОН. Ҷустуҷӯи Элдорадо - шаҳри гумшудаи тилло. Оё ин афсона буд ҳақиқат?

Кашфи дарёи Миссисипӣ аз ҷониби  Уилям Ҳенрӣ Пауэлл.

Конкистадор (исп.  Conquistador) - сарбозон, кошифон ва мухотираҷӯёни асрҳои XY ва XYI милодӣ буданд, ки дар фатҳи тадриҷии бахшҳои бузурге аз қораи Амрико ва навоҳии осиёии уқёнуси Ором ширкат карданд ва он сарзаминҳоро тобеъи империяи Испания намуданд.

Страницы