Шумори сироятшудагон ба КОВИД-19 дар олам ба 51 миллиону 245 ҳазору 233 нафар расидааст. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар дунё 121 ҳазору 727 нафар мубтало ба ин вирус шудаанд. Шумори фавтидагон дар як рӯз 2 ҳазору 50 нафар эълон шуд ва аз аввали пандемия аз ин беморӣ 1 миллиону 269 ҳазору 325 нафар ҷон бохтаанд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ахиран эълон кард, ки то кунун аз коронавирус КОВИД-19 36 миллиону 056 ҳазору 102 нафар пурра муолиҷа шудаанд.
Шумори гирифторони ба КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба 11376 нафар расидааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолии кишвар хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта 40 нафар сироятшудаи навро ба қайд гирифтааст. То ба имрӯз аз ин беморӣ 10711 (94,1%) нафар муолиҷа шудаанд ва 83 нафар фавтидаанд.
Теъдоди мубталоён ба вируси корона дар ИМА аз 10 миллион (10422026+68719) гузашт. Ин кишвар дар олам дар сироят ба КОВИД-19 дар ҷойи аввал аст.
Дар Аврупо афзоиши сироятшудагон на танҳо дар Фаронса (86,8 ҳазор нафар дар як шабонарӯз), балки дар Британияи Кабир (то 25 ҳазор), Испания (беш аз 22,5 ҳазор), Италия (қариб 40 ҳазор) ба қайд гирифта шудааст. Олмон бо 688 ҳазору 972 нафар, Лаҳистон бо 568 ҳазору 138 нафар, Белгия бо 503 ҳазору 182 ва Украина бо 469 ҳазору 018 нафар низ аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки мубталоёни бештар ба КОВИД-19 доранд.
Дар Португалия аз рӯзи душанбе низоми ҳолати фавқулода ҷорӣ шуд.
Черногория низ маҳдудиятҳои нав барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус ҷорӣ намуд. Мактабҳои миёна дар ин кишвар ба низоми фосилавии омӯзиш гузаштанд.
Дар Осиё Ҳиндустон ҳамоно болотарин сатҳи мубталоён ба коронавирусро дорад. Дар ин кишвар то ба имрӯз 8 миллиону 591 ҳазору 730 нафар ба КОВИД-19 мубтало шудаанд. Танҳо шабонарӯзи гузашта аз сирояти бо 4102 нафар хабар дода шуд. Дар Ҳинд то кунун аз коронавирус 127 ҳазору 104 нафар фавтидаанд.
Аз миёнаҳои моҳи сентябр то ба имрӯз шумори сироятёфтагон дар Эрон пайваста рӯ ба афзоиш аст. Мақомҳои тандурустӣ ин кишвар аз сирояти 692 ҳазору 949 ва марги 38 ҳазору 749 нафар хабар додаанд. Танҳо рӯзи шанбеи гузашта табибони Эрон аз сирояти боз 9,4 ҳазор ва марги 459 нафар иттило доданд.
Бино ба гузориши хабаргузории REGNUM президенти Украина Владимир Зеленский ва сарвари дафтари вай Андрей Ермак низ мубтало ба коронавирус шудаанд.
Дар шабонарӯзи гузашта дар Русия 21 ҳазору 798 ҳодисаи нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуда ва аз ин беморӣ 256 ҷон бохтаанд.
Қазоқистон (9 ноябр) аз сирояти 610 нафар хабар дод. То кунун дар ин кишвар 116 ҳазору 772 нафар мубтало шудаанд ва 1857 нафар ҷон додаанд.
Қирғизистон дар як шабонарӯз 571 сироятшудаи навро кашф карда ва шумори умумии мубталоён ба КОВИД-19 дар ин кишвар ба 63 390 нафар расидааст.
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар дод, ки то имрӯз дар ин кишвар 68 ҳазору 879 нафар ба вируси корона сироят шудаанд ва аз он 586 нафар фавтидаанд.