Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар иттилоъ медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар, аз 10 то 13 ноябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ коҳиши дамои ҳаво дар назар дошта шудааст. Дар ин рӯзҳо боришҳои шадид дар водиҳо ва баландкӯҳҳо, ки билохира метавонад ба барфи тар табдил шавад, пешбинӣ шудааст.
Дар роҳҳои Душанбе - Айнӣ, Душанбе - Сангвор, Ваҳдат - Рашт - Лахш - Карамиқ, Ш. Шоҳин - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ - Ишкошим, эҳтимолияти яхбандӣ вуҷуд дорад. Бо мақсади пешгирӣ аз садамаҳои нақлиётӣ дар роҳҳо Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба ронандагон тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар мошинҳои худро омода созанд, чархҳои тобистонаро ба чархҳои зимистона иваз кунанд. Ба мошинҳои боркаш тавсия дода мешавад, ки занҷирҳои зидди лағжиш бо худ дошта дошта бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ суръат ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракат дар байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Ғайр аз ин, КҲФ сокинони минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳиро огоҳ мекунад, ки сардиҳо метавонанд ба зироатҳои кишоварзӣ таҳдид кунанд. Аз ин рӯ, Кумита хотиррасон мекунад, ки ҳосили пухтарасидаро сари вақт ҷамъоварӣ намуда, он бахши ҳосил, ки ҳоло напухтаву хом аст ва бояд боз муддате дар замин бимонад, бо масолеҳи пластикӣ ё пахол пӯшонанд ва аз сармо ҳифз кунанд. КҲФ ҳамчунин аз сокинон даъват мекунад, ки ба чорводорӣ диққати бештар диҳанд, ҳангоми чаронидани чорво ва будубош дар чарогоҳҳои кӯҳӣ аз эҳтиёти бештар кор гиранд.
Бо назардошти коҳиши ҳарорати ҳаво, боришот ва пешгирӣ аз сироят ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ КҲФ ба аҳолӣ муроҷиат мекунад: сару либосро вобаста ба мавсим пӯшед, барои сироят нашудан ба коронавирус ҳатман ниқоб дошта бошед ва кулли қоидаҳои беҳдоштиро, ки дар тавсияҳо ироа кардаем, риоя намоед. Муҳимтар аз ҳама кӯдакони худро беназорат нагузоред, нагузоред, ки ҷисми ҷавонашон дучори фалокатеВу беморие шавад.
Инчунин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тавсия медиҳад, ки бо мақсади баланд бардоштани масуният ва пешгирии паҳншавии бемориҳои роҳи нафас, мавсимӣ, хонаҳо ва утоқҳои кориро мунтазам шамол диҳед, ҳавои дохили утоқҳоро тоза кунед.
Кумита барои пешгирии ҳолатҳои сӯхтор риояи қатъии бехатарии сӯхторро хотиррасон мекунад: ноқилҳоро сари вақт санҷед, асбобҳои барқиро дар ҳолати хуби корӣ нигоҳ доред.
Дар ҳола рӯ ба рӯ шудан ба ин ё он ҳолати фавқулодаи табиӣ ва ё техногенӣ ба шумораи ягонаи телефони 112 ва ё қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: 93 880 28 19 занг занед.