Субҳи имрӯз аз сирояти 47 миллиону 854 ҳазору 043 нафар ба Covid-19 дар олам хабар дода шуд. Бино ба гузориши Созмони ҷаҳонии тандурустӣ танҳо шабонарӯзи гузашта 148 ҳазору 638 нафар ба ин вирус сироят шудаанд. Шумори фавтидагон дар олам ба 1 миллиону 220 ҳазору 535 нафар расид ва ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд 34 миллиону 357 ҳазору 609 нафар пурра муолиҷа шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ошкор шудани 43 нафар мубталои нав ба коронавирус дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. Дар гузорише, ки ин ниҳод шоми гузашта расонаӣ кард, омадааст, ки то кунун дар кишвар 11139 нафар чун бемори гирифтори коронавирус ба қайд гирифта шуда, 10389 (93,2 %) нафари онҳо шифо ёфтаанд. Аз оғози пандемия дар Тоҷикистон 83 нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.
Маркази пандемия аз Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ бори дигар ба Аврупо кӯчид. Фаронса, Испания ва Италия ҳамоно пешгомони сироят ба коронавируси наванд.
Британияи Кабир нуҳумин кишвари олам шуд, ки шумори мубталоёнаш аз 1 миллион гузашт.
Дар бисёре аз кишварҳои Аврупо шумори сироятшудагони нав дар як моҳ 200% афзуд. Аз ҳама бештар Словакия мубталои нав дорад. Тибқи омори ахир шумори беморони коронавирус дар ин кишвар 5 баробар афзуд.
Дар Ҷумҳурии Чех теъдоди сироятшудагон дар як моҳ 4,4 баробар афзуд. Дар Лаҳистон 4 баробар, дар Белгия то 3,5 баробар зиёд шуд.
Амрико ва Осиё дар олам дар сироят ба коронавирус КОВИД-19 дар ҷойҳои дуюм ва сеюм қарор доранд.
Шумори сироятшудагон ба коронавирус дар кишварҳои Африқо ба 1 миллиону 796 ҳазору 670 нафар расид. Шабонарӯзи гузашта дар қораи Африқо 22 308 мубталои нав сабт шуд.
Мубталоёни нав ва фавтидагони бештар дар Ҷумҳурии Африқи Ҷанубӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар Миср аз КОВИД-19 6 278 нафар фавтидаву шумори гирифторон ба ин беморӣ ба 107 736 расидааст.
Ҳукумати Британияи Кабир гуфтааст, ки алтернави дигар ба ҷуз карантин дар мубориза бо коронавирусро намебинад.
Ҳукумати Португалия бори дигар ҷорӣ намудани низоми ҳолати фавқулодда дар саросари кишварро баррасӣ мекунад.
Урдун маҳдудиятҳои навро ҷиҳати таҳкими мубориза бо гуфтариши коронавирус ҷорӣ хоҳад кард. Дар ин кишвар шабонарӯзи гузашта беш аз 3 ҳазор мубталои нав ошкор шудааст.
Бемористонҳо Женева аз фаро расидани вазъи мудҳиш дар қабули беморон ҳушдор доданд. Онҳо мегӯянд шояд дар оянда онҳоеро қабул кунанд, ки имкони бештари зинда мондан доранд.
Дар як шабонарӯз дар Русия 18 648 мубталои нав ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд. Аз ин беморӣ дар 24 соати гузашта 355 нафар фавтидаанд.
Қазоқистон дар равуои марзӣ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард. Дар бисёр минтақаҳои ин кишвар низ афзоиши беморӣ ба мушоҳида мерасад.
Шумори фавтидагон аз коронавирус дар Ӯзбекитогн ба 574 нафар расидаву то кунун 67 553 (+252) чун мубтало ба ин беморӣ сабт шудааст.