Хатари ҳавои тирамоҳӣ. Тавсияҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 27/10/2021 | admin
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 28 то 31 октябр дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла дамои ҳаво паст рафта, борон ва дар баландиҳои болотар аз 2000 метр барф меборад. Дар ноҳияҳои баландкӯҳ барфи шадид меборад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо то ба 10-12 дараҷа поин меравад.