Дар Маркази таълимии КҲФ мураббиёнро дарси шиносоӣ бо ҷасади фавтидагони офатҳо меомӯзанд

Дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишии мураббиёни оянда аз ҳисоби кормандони КҲФ оид ба кор бо ҷасади одамон дар ҳолатҳои фавқулодда баргузор мегардад. Ин омӯзишҳо бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд.

Ин омӯзиш бар таъомулоте мутамарказ аст, ки метавонанд муносибати мувофиқро бо ҷасади фавтида бо дарназардошти имкони муайянкунии минбаъдаи шахси фавтида, зарурати эҳтироми шаъну эътибори инсонӣ ва меъёрҳои фарҳангии маҳаллӣ таъмин кунанд. Дарсҳо иштирокчиёнро бо дастурҳои амалӣ ошно мекунанд ва таҷрибаҳои беҳтаринро дар муносибат бо қурбониёни бештарро меомӯзанд.

Ин дарсҳо дар асоси «Дастури истихроҷ, ҳуҷҷатгузорӣ ва интиқоли ҷасадҳои ҳалокшуда дар ҳолатҳои фавқулодда», ки соли 2017 аз ҷониби мутахассисони КҲФ ва намояндагони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шудаанд, ташкил карда шудаанд.

Қарор аст омӯзишҳо 28-уми феврал ба анҷом расанд ва дар доираи он тамрини шабеҳсозии байнибахшӣ баргузор мешавад, ки дар он намояндагон Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати мудофиа ширкат хоҳанд кард.

барчасп: