Имрўз дар шуъбаи кўдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили “Ҳаёти солим” доир гардид, ки дар он мутахассисон дар бораи ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ иттилоъ доданд.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Нурзода Ҷалолуддин оғоз шуда, ба наврасон дар бораи ҳолатҳои фавқулодда маълумот доданд. Ҷалолуддин Нурзода гуфт, ки ҳар рӯз дар ҷаҳон садҳои ҳодисаи табиву техногении фавқулода ба қайд гирифта мешавад ва дар ҳамаи давлатҳо ниҳодҳое ҳастанд, ки зидди ин гуна ҳодисаҳо мубориза мебаранд. Дар Тоҷикистон вазифа ба уҳдаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Дар маҳфил подполковник Мушкиннисо Халифаева, афсари калони Кумитаи Ҳолатҳои фавқулодда, Ашӯрзода Вафо Маҳмадризо –сардори бахши Раёсати мудофиаи граждании Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва майор Шакаров Шодихон корманди КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироку суханронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки ҳолати фавқулода ин вазъест, ки саломатӣ, ҷон, молу амволи сокинон ё муҳити зистро дар хатари фаврӣ қарор медиҳад. Кулли ҳодисаҳои фавқулодаи харобкор ногаҳонианд, то кунун дар олам системаи огоҳии бармаҳале, ки хеле пештар аз вуқуъи ин ё он офати табиӣ хабар диҳад, вуҷуд надорад. Мо имрӯз омадани селҳо, тӯфонҳо, бодҳои харобкор, барфу борону жоларо метавонем то ҳадде пешгӯӣ кунем. Вале зилзила барин офатҳо пешгӯинашавандаанд, аз ин гуна ҳодисаҳо оламиён зарари бештар мебинанд.
Ҳамасола ҳазорон нафар аз ин офатҳо ва ҳодисаҳои техногенӣ ҷони худро аз даст медиҳанд, биноҳо хароб мешаванд, заминларзаҳои шадид шаҳрҳоро хароб мекунанд, тӯфонҳо, селҳо, сунамиҳо, вулканҳо миллиардҳо доллар хисорат меоранд, тармаҳо дар нукоти гуногун мошинҳо, одамон, манзили зист, роҳҳоро хароб мекунанд, аз фурӯравии ногаҳонии биноҳо, аз ярч, таркиши газ, сӯхтор, садамаҳои нақлиётӣ ҳазорон нафари дигар талаф меёбанд. Зарари расида аз офатҳои табииву ҳодисаҳои техногенӣ дар ҷаҳон ба ҳадде зиёд аст, ки наметавон ҳисоби дақиқи онро пайдо кард.
Аммо инсоният асрҳост, ки бо офатҳои табиӣ дар мубориза аст ва ин мубориза даҳсолаҳи ахир афзуду кам нашуд.
Мутахассисони КҲФ ба хонандагони навраси Китобхонаи миллӣ дар мавриди эминӣ аз сўхтору заминларза ва дигар офатҳои табиӣ сухан ронда, истифодаи таҷҳизотҳоро, ки оварда буданд, ба кўдакон ва наврасон омўзноданд.
Огоҳонидани кўдакон аз ҳолатҳои фавқулодда муҳим ва заруриву саривақтӣ арзёбӣ гардид. Маълум аст, ки дар ҳолатҳои сар задани сўхтор ё обхезӣ кўдакон ба таҳлука афтода, дуруст рафтор карданро намедонанд.
Мутахассисони КҲФ дар бораи ҳодисаҳои табиву техногенӣ ҳарф заданд ва фарқ миёни онҳоро мухтасар баён карданд. Аз ҷумла гуфтанд, ки қувваҳои табиат ба таъсири инсон тобеъ нестанд, аммо дар офатҳои техногенӣ бештар вақт одамон гунаҳгоранд, яъне ин ҳодисаҳо дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ рух медиҳанд ва онҳо идорашавандаанд. Муҳим он аст, ки инсон кулли қоидаҳои бехатариву амниятро риоя намояд. Онҳо ба бачаҳо риояи ин қоидаҳоро, ки чандон душвор нест, фаҳмониданд.
Гуфтанист, ки аз аввали соли 2022 Шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ маҳфили “Ҳаёти солим”-ро роҳандозӣ кард, ки қарор аст тӯли сол дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандудурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва телевизиони “Баҳористон” амалӣ мешавад.
Ин маҳфил моҳе як маротиба баргузор мешавад ва ҳадаф тарғиби тарҳи ҳаёти солим аст. Масъулини шуъба мегӯянд, хостем хонандагон илова ба он ки китоб мехонанд, боз бо ширкат дар ин гуна маҳфилҳо донишҳои амаливу назариявии худро ҳам дар мавриди бемориҳои сироятӣ ва ҳолатҳои фавқулодда ғанӣ созанд.
Ин маҳфилҳо назариявӣ ва амалӣ доир мешаванд ва бачаҳо ҳамзамон роҳу равишҳои сироят нашудан ба бемориҳо, амал дар ҳолатҳои фавқулодаро меомӯзанд.
Маҳфили аввал моҳи гузашта бо ширкати намояндагони Вазорати тандурустӣ баргузор шуда буд.
Раҳима Азам.