Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бар асари барфу борони гузашта ва боришҳои оянда дар қитъаҳои кӯҳии роҳҳои мошингарди ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, инчунин дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ хатари фаромадани тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.
Дар робита ба ин, аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш мекунем, ки дар ин рӯзҳо то ҳадди имкон аз сафар аз манотиқи осебпазир ва минтақаҳои хатарнок инчунин аз чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
КҲФ тавсия медиҳад, ки воситаҳои нақлиёт барои ҳаракат дар шароити яхбандӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин карда шуда, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя карда шаванд ва дар роҳҳо ҳангоми гузаштан аз минтақаҳои лағзиши тарма фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Кумита аз сокинонӣ ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хоҳиш мекунад ҳушёр бошанд, беш аз ҳар вақти дигар қоидаҳои зидди сӯхторро риоя намоянд.
Аз ин пештар ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дода буд, ки бар асари гармои рӯзҳои охир ва боришҳои шадид эҳтимоли лағзиши тарма дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, ҳамчунин роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Лахш, Хоруғ – Мурғоб ва Хоруғ – Ишкошим зиёд аст.