Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар қисми ҳарбии КҲФ воқеъ дар вилояти Хатлон

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи КҲФ барои соли 2021, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилоят машқҳои фармондеҳӣ – ситодӣ дар мавзӯъи: "Амали ҳайати роҳбарӣ, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи...

Аз беназоратӣ боз ду кӯдак дар об ғарқ шуд, ду хона мотамзада. ВОЛИДОН НУРИ ЧАШМОНАТОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Якуми майи соли равон як сокини панҷсолаи деҳаи Ҷовидони ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода аз беназоратии волидон ба дарёчаи Қаратоғ сарозер шуд ва ғарқ гардид. Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ва бо гузашти ним соат аз фоҷеа кормандони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади писарбачаро пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ воқеъ дар маҳалли Испечаки шаҳри Душанбе. Шарҳи расмӣ (ВИДЕО)

Дирӯз, шанбе, 1-уми май як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар минтақаи Испечаки шаҳри Душанбе оташ гирифт. Ин ҳодиса тахминан соати 18:30 дақиқа рух дод. Нуқтаи таъмини сӯзишвории “ЭКО-ОЙЛ”, ки дар дар ноҳияи Сино, кӯчаи Зафар, буриши маҳаллаи Ҳамадонӣ (шафати кӯчаи Мехкалон 50) воқеъ аст ва ба соҳибкор Розиқов Эҳсонҷон, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи...

Ҷасади писарбачаи 12-сола, ки чор рӯз пеш дар Канали калони Ҳисор ғарқ шуда буд, пайдо гардид

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Канали калони Ҳисор ҷасади як писарчаи 12-соларо пайдо ва онро аз об бароварда ба волидонаш супурданд. Ин ҳодиса дирӯз, 30-уми апрел соати 12:08 дақиқа рух дод.

Писарчаи 12-сола рӯзи 26-уми апрел вақти аз мактаб...

Баргузории ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо (ВИДЕО)

30 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ - Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, нахустин ҷаласаи Платформаи Миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2021 баргузор гардид.

Страницы