Ҷасади писарбачаи 12-сола, ки чор рӯз пеш дар Канали калони Ҳисор ғарқ шуда буд, пайдо гардид

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Канали калони Ҳисор ҷасади як писарчаи 12-соларо пайдо ва онро аз об бароварда ба волидонаш супурданд. Ин ҳодиса дирӯз, 30-уми апрел соати 12:08 дақиқа рух дод.

Писарчаи 12-сола рӯзи 26-уми апрел вақти аз мактаб ба хона баргаштан аз болои қубури қутраш 500 см мегузашт ва мувозинати худро нигоҳ дошта натавониста ба оби пуртуғёни канал сарозер шуд. 

Корҳои ҷустуҷӯ аз ҷониби кормандони наҷот муддати 4 рӯз аз субҳ то шом идома доштанд. Оби пуртуғён ҷасади писаракро дур бурда буд ва билохира дирӯз дар масоҳаи 1800 метр аз ҷойи ҳодиса ҷасад пайдо шуд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пайвандону наздикони пис арбача изҳори тасалият мекунад ва ҳамзамон аз сокинон хоҳиш менамояд нозири фарзандони хурдсоли худ бошанд.

Ба онҳо қоидаҳои ҳаркат дар роҳҳо, гузаштан аз болои пулҳоро омӯзанд ва хатар доштани убур аз болои ҳар гуна қубур ва роҳҳои хатарнок, гузаштан аз чорроҳаҳои мошингузар ва ғайраро фаҳмонанд.

барчасп: