Аз беназоратӣ боз ду кӯдак дар об ғарқ шуд, ду хона мотамзада. ВОЛИДОН НУРИ ЧАШМОНАТОНРО ЭҲТИЁТ КУНЕД!

Якуми майи соли равон як сокини панҷсолаи деҳаи Ҷовидони ҷамоати деҳоти Қаратоғи шаҳри Турсунзода аз беназоратии волидон ба дарёчаи Қаратоғ сарозер шуд ва ғарқ гардид. Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯву наҷот ва бо гузашти ним соат аз фоҷеа кормандони бахши ноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷасади писарбачаро пайдо ва ба волидонаш супурданд.

Ҳодисаи дуюм рӯзи 2-уми май дар шарқи кишвар рух дод. Фарзанди 7-солаи як сокини деҳаи Косагардон, ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор ҳангоми убур аз пули деҳа дар рӯдхона ғарқ шуд.

Корҳои ҷустуҷӯи ин кӯдак ҳамоно идома дорад ва аз натиҷаи он хабар хоҳем дод.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар диққати сокинонро ба он ҷалб мекунад, ки фарзандони худро беназорат нагузоранд.

Бахусус ҳангоми убур аз пулҳо ва гаштугузор дар соҳили каналу рӯдхонаҳо ва ҳавзҳои оббозӣ ҳатман онҳоро ҳамроҳӣ кунанд. Як беназоратӣ метавонад сабаби фоҷеае гардад, ки тамоми умр доғи он аз дили падару модар наравад. 

Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки ҳатто беназоратии басо кутоҳ ҳам метавонад ба фоҷеа оварда расонад ва як хонаро мусибатзада кунад.

ФАРЗАНДОНИ ШУМО НУРИ ЧАШМОНИ ШУМОЯНД ВА ОНҲОРО ҲАМЕША ЭҲТИЁТ КУНЕД!!! 

барчасп: