Баргузории ҷаласаи Платформаи миллии коҳиши хатари офатҳо (ВИДЕО)

30 апрели соли 2021 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати муовини якуми раиси Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ - Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, нахустин ҷаласаи Платформаи Миллии коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар соли 2021 баргузор гардид.

Дар ҷаласа зиёда аз 20 нафар роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳо, ташкилотҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон, ки нозирони Платформаи Миллӣ мебошанд, ширкат варзиданд. 

Дар ҷаласа дар мавриди иҷрои корҳои пешгирӣ аз офатҳои табиӣ, ҳисобот дар бораи кори системаи мониторинг ва пешгӯии равандҳои гидрометеорологӣ, ташкили мушоҳидаҳои аэровизуалӣ дар кишвар, маълумот дар бораи пешгирии паҳншавии бемориҳои хатарноки сироятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла полиомиелит ва коронавирус ва раванди эмкунӣ, дар бораи иҷрои Барномаи давлатии корҳои ҳифзи бонки маълумот барои солҳои 2018-2022, таблиғ дар байни мардум тавассути васоити ахбори омма, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ шунида шуданд. Ҳамчунин  рӯнамоии маҷаллаи солонаи иттилоотию таҳлилии «Шарҳи ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020» низ баргузор гардид.

Дар поёни нишаст байни аъзоён ва иштирокчиёни ҷаласаи Платформаи миллӣ мубодилаи афкор дар масъалаҳои истифодаи самараноки маблағҳое, ​​ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ ҷудо кардааст, сурат гирифт.

Зикр бамаврид аст, ки Платформаи Миллии коҳиши  хатари офатҳои табиӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 қабул карда шудааст.

барчасп: