Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосии мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодаи КҲФ барои соли 2021, кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти вилоят машқҳои фармондеҳӣ – ситодӣ дар мавзӯъи: "Амали ҳайати роҳбарӣ, қувваҳо ва воситаҳои мудофиаи шаҳрвандӣ дар ҳолати фавқулодда дар қаламрави минтақа” баргузор шуд.
Дар машқҳо сатҳи омодагии кормандони хадамот барои ҳифз аз офатҳои табиӣ, омодагии қувваҳо ва воситаҳо ҳангоми рафъи ҳолатҳои фавқулодда арзёбӣ гардид. Кормандони хадамот бо таснифоти ҳолатҳои фавқулодда, усулҳои вокуниши сареъ, пайдарпаии возеҳи амалҳо ҳангоми муайян кардани таҳдид, усулҳои расонидани ёрии аввалия ва истифодаи муҳофизати кимиёвӣ шинос шуданд.
Дар марҳилаи ниҳоии машқ, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон зарурати ба ҳам омадан дар муқобили таҳдидҳои воқеиро баланд бардоштан ва хусусияти ҷаҳонии ҳолатҳои фавқулоддаи табииро таъкид карданд ва филми кӯтоҳи ҳуҷҷатиро намоиш доданд.
Инчунин, дар яке аз қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ки дар дараи Караг ҷойгиранд, машқҳои махсуси тактикӣ дар байни ҳайати шахсӣ ташкил ва гузаронида шуданд.
Дар ҷараёни тамрин масъалаҳои омодагии қисми низомӣ дар рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ санҷида шуданд.
Дар давраи машқ, дараҷаи омодагӣ ба муҳофизат аз сел, ярч, заминҷунбӣ кор карда шуда, инчунин омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда баҳогузорӣ карда шуд.