Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои анҷом додани сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар карданд. Дар фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Наҷоти се нафар дар дарёи Сир, ки ду нафари онҳо ноболиғ буданд

Рӯзи гузашта, якуми июн ҳангоми навбатдорӣ дар соҳили дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд се нафареро мушоиҳида карданд, ки ғарқ мешуданд. Баъдан маълум шуд, ки онҳо сокинони 25, 14 ва 10-солаи  ноҳияи Ҷаббор Расулови вилоят будаанд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз хокбод ва гармиҳои рӯзҳои оянда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон дар минтақаҳои ҷанубии кишвар хокбод интизор меравад.

Аз 3 то 5-уми июни соли ҷорӣ дар қаламрави Тоҷикистон то ба 45 дараҷа болоравии дамои ҳаво дар назар аст.

Мусобиқоти варзишӣ дар КҲФ

Якуми июни соли равон ҳайати шахсии Қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар мусобиқаи сангбардорӣ ва давидан ба масофаи 3000 метр ширкат намуд.

 Се ҷойи аввал дар варзиши сангбардорӣ насиби майор Субҳиддин Нуриддинзода, лейтенант Аминҷон Давруқов ва лейтенант Шарифҷон Абдуллоев шуд. 

РАФТАНИ ҶАМЪӢ. Дастаҳову гурӯҳҳои ба ҳамрафта дар сонеҳаҳои ҳавопаймоӣ

11-уми моҳи августи соли 1979 дар ноҳияи Днепродзержинский ду ҳавопаймои Ту-134 мансуб ба ширкати давлатии ҳавопаймоии “Аэрофлот” ба ҳам бархӯрданд. Яке бо хатсайри Челябинск — Воронеж — Кишинёв ва дуюмӣ ба самти Тошканд — Гурйев — Донетск — Минск дар ҳоли парвоз буданд. Дар натиҷа 178 сарнишини ду ҳавопаймо, ки дар миёни онҳо аъзои тими футболи Лигари олии Узбекистон “Пахтакор”...

Страницы