Рӯзи гузашта, якуми июн ҳангоми навбатдорӣ дар соҳили дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд се нафареро мушоиҳида карданд, ки ғарқ мешуданд. Баъдан маълум шуд, ки онҳо сокинони 25, 14 ва 10-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилоят будаанд.
Бо дурбин манзараро мушоҳида карда, сарвари имдодгарон ба дастае, ки наздик ба ҷойи ҳодиса буд, дастури наҷоти фаврии ғарқшавандагонро дод.
Ғаввосон дар кутоҳтарин фурсат худро ба об ҳаво доданд ва ҳама чораҳоро андешиданд, то ин се танро, ки ду нафари онҳо ноболғон буданд, саломат ба соҳил расонанд.
Ба шарофати чусту чолокии наҷотдиҳандагон ва анҷоми амалиёти фаврӣ ин се ҷони ҷавон аз хатари марги эҳтимолӣ наҷот дода шуданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба сокинони кишвар муроҷиат мекунад, ки фарзандони ноболиғи худро танҳо нагузоранд ба соҳили обҳо раванд, ҳамеша онҳоро ҳамроҳӣ кунанд.
Ҳамчунин хоҳиш карда мешавад, ки дар ҳоли сархӯшӣ аз шароб вориди об нашаванд, ба танҳоӣ оббозӣ нараванд ва шабонгаҳон аз шиноварӣ дар ҷойҳои ноошно худдорӣ намоянд.