Паёми шодбошии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Ҳамватанони гиромӣ!

Ҳоло, ки мо дар арафаи яке аз ойинҳои суннатии мардуми мусулмон – иди Қурбон қарор дорем, ҳамаи шуморо ба ин муносибат самимона табрик мегӯям.

Мардуми мусулмони мо иди саиди Қурбонро ҳамчун суннати меҳру шафқат ва тараҳҳуму ҳамбастагӣ гиромӣ медоранд.

Хабарҳои рӯзи гузашта

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар ягон ҳодисаи табиӣ ё техногенӣ ба қайд гирифта нашуд. Аммо бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар дар баъзе ноҳияҳо аз 8 то 10-уми июл ҳавои тираву пургарду хок боқӣ мемонад. Рӯзҳои 8-10 июл дар ноҳияҳои кӯҳиву баландкӯҳии вилояти Суғд, навоҳии тобеи марказ ва ғарби ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Ба Кумита воситаҳои техникӣ супурда шуданд

7 июли соли 2022 ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ва дигар чорабиниҳо таҷҳизотҳои техникӣ, ки аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Ҳукумати Ҷопон харидорӣ шудааст, пешниҳод гардид.

Баргузории ҷаласаи мушовараи Кумита

7 июли соли 2022 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини аввали Раиси Кумита полковник Ҳотамшо Латифзода  ва бо иштироки сардори Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Маҷидзода ҷаласаи мушовара оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи аввали КҲФ баргузор шуд.

МАШВАРАТ ДАР ФАЗОИ МАҶОЗӢ. Чӣ бояд кард, ки ғарқ нашавем? Бахши 2

Дар фазои маҷозӣ бештари аксҳое, ки дар мавзӯъи ғарқ шудани инсон гузошта шудааст, як ё ду дасти аз об берун ва танаи соҳиби дастҳо зери об ноаён ба мушоҳида мерсад. Як манзараи ҳузнангез. Инсон дақиқае пеш ворид об шуд ва зери об фурӯ рафт. Зиндагӣ дар сонияҳои башумор ба марг табдил гашт. Ва мо ин манзараро хеле зиёд баъди хондани хабарҳо тасаввур кардаем. Ҳамасола ҳазорон нафар дар ақсои олам ғарқи...

Страницы