Заминларзаи Туркия ва Сурия. Шумори ҳалокшудагон ба 8 ҳазор наздик мешавад

Заминларзаи Туркия ва Сурия

Мақомҳои имдод дар Туркия гуфтаанд, ки бо гузашти сеюмин рӯз аз зилзилаи шадид умед ба мавҷудияти зиндамондагон дар зери вайронаҳо камтар шудааст. Дар айни замон шумори ҳалокшудагон дар ин офати табиӣ ба 8 ҳазор наздик мешавад. Туркия аз ҳалокати 5894 нафар ва Сурия аз марги 1932 нафар хабар дод.

Аммо боз ҳам ин рақам ниҳоӣ нест. Эҳтимоли аз зери хок

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ ҳамоно боқист!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки дар роҳҳои мошингарди  Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хорӯғ - Ишкошим, Хорӯғ – Мурғоб бар асари боришҳо хатари лағзиши тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 697 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулода сабт шудааст (ВИДЕО)

Соли 2022 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 697 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи (соли 2021 – 359) табиӣ ба қайд гирифта шуд, ки аз он 46 ҳодиса ба иқтисоди ҷумҳурӣ ва аҳолӣ зарар расонид. Бар асари офатҳои табиӣ 8 нафар (соли 2021 низ 8 нафар) шаҳрвандони кишварҳо ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора ҷонишини  Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Имомалӣ Иброҳимзода дар нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигрони изҳор дошт.

Тоҷикистон барои кумак ба зилзилазадагони Туркия як гурӯҳи наҷот мефиристад!

Бар асоси дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кумак дар рафъи паёмадҳои заминларза дар Туркия 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Туркия фиристода хоҳанд шуд.

 

Шумораи ҳалокшудагон дар ду заминларзаи Туркия ва Сурия ба беш аз 4300 расидааст (ВИДЕО)

Дар ду заминларзаи шадид дар Туркия ва ҳамсояи наздики он Сурия беш аз 4 ҳазору 300 нафар ҷони худро аз даст доданд. Бино ба оморҳои ахир дар Туркия зиёда аз 2900 нафар ва дар Сурия беш аз 1400 нафар ҷон бохтанд.

Ба маълумоти Хадамоти геологии ИМА заминларзаи аввал соати 04:17 дақиқаи рӯзи гузашта ба вақти маҳаллӣ дар...

Страницы