6 январи соли 2024 дар Дастгоҳи марказии Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд ва дар он аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан рафт.
Дар ҷаласа гуфта шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои ояндасози миллати тоҷик мебошад, зеро дар он самтҳои рушди Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки Паём як барномаи мушаххаси амал буда, ба ҳамаи сокинони кишвар дахл дорад. Аз ҷумла, боло бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, ҳалли мушкилоти мавҷуда, фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва расидан ба зиндагии шоиста дар меҳвари Паёми имсолаи Сарвари давлат қарор дошт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Паёми имсола беҳ намудани вазъи иҷтимоии шаҳрвандони кишварро масоили калидӣ номиданд. Далели ин то 40 дарсад боло бурдани маоши амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар кормандони ин мақомот ва баъдан аз 1 июли соли равон 30 дар сад боло рафтани нафақаҳои суғуртавии меҳнатӣ, инчунин иловапулии онҳо ва ғайра мебошад. Ин ҳама нишон медиҳад, ки Пешвои миллат ҳамеша дар талоши онанд, ки ба некуаҳволии сокинони кишвар таваҷҷуҳ шавад.
Ҳамчунин қайд карда шуд, ки дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат бори дигар ба татбиқи комёбиҳои илму техника дар ҳаёти саноативу иҷтимоии мамлакат таъкид карданд.
Бидуни шак Паём чун як барнома-стратегияи давлатӣ аз ҷониби Сарвари давлат ироа гардид, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро вазифадор мекунад, ки дар роҳи рушду тавсеаи иқтисоди ватанӣ, ҳифзи манофеи миллӣ, устувории давлати дунявӣ ва пойдории ваҳдати мардумию суботи сиёсӣ қадамҳои устувор гузоранд.