Наҷоти гурбае, ки вориди чоҳ шуда буду наметавонист аз он берун шавад

Наҷоти ҳайвон ҳам мисли наҷоти инсон аз ҳар гуна мушкиливу офатҳо ва нохӯшиҳо аҷру савоб дорад. Ҳайвонот ҳам мисли инсонҳо баъзан  ба ҳолате меафтанд, ки роҳи наҷотро наметавонанд мустақилона пайдо кунанд. Таърихи ниҳодҳои наҷоти кишварҳои олам пур аз ҳаводисест, ки имдодгарон барои наҷоти ҷони сагу гурбаву парандагон ва ҳатто ҳайвоноти ваҳшӣ даст ба иқдом мезананд. Ва мо низ борҳо аз наҷоти ҳайвонҳои гуногун хабару гузоришҳо доштем.

Имдодгарон ҷасади ҷавони 22-солаеро, ки дар садамаи панҷ рӯи пеш нопадид шуда буд, пайдо карданд

20 октябри соли 2022 кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Зарафшон ҷасади як сокини 22-солаи ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷекатро пайдо карданд. Ин ҷавон рӯзи якшанбе, 16-уми октябри соли равон дар натиҷаи як садами мудҳиш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нопадид шуда буд. Ҷасади ӯро 15 метр поинтар аз ҷойи ҳодиса дар рӯди Фон пайдо карданд.

106 сол пеш дар ҳамин рӯз Инфиҷори киштии “Малика Мария”

20 октябри соли 1916 киштии «Малика Мария» ҳангоми рейди Севастопол ним мил дуртар аз соҳил аз захираи борут дар он таркид ва 225 маллоҳи он якҷо бо киштӣ ғарқи об шуданд, 85 нафар бо тани захӣ аз об зинда берун омаданд. Ва баъдҳо чанд нафари дигари онҳо низ ҳалок шуданд. 

Бунёди ин киштӣ 11 июни соли 1911 ҳамзамон бо киштиҳои ҳамсони «Император Александр III”...

Хабари рӯзи гузашта. Сел дар Дарвоз муваққат роҳро баст

Барфу борони рӯзҳои 18-19-уми октябр дар қаламрави кишвар муҷиби офатҳои табиӣ ҳам шуд. Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳияи Дарвози ВМКБ сел омад. Роҳро муваққатан баст.

19 октябри соли 2022  соати 18:58 дақиқаи вақти маҳаллӣ як сокини кӯчаи Раҳмон Набиеви пойтахт, хонаи № 155/4 ба Қисми навбатдорӣ занг зад ва хабар дод, ки борони шадид...

Роҳи “Душанбе-Чаноқ” боз аст

Бахши ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ахиран аз эълони баъзе маҳдудиятҳо дар роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ хабар дод. Ин ширкат дар хабаре, ки чанде пештар дар саҳифаи худ дар Фейсбук гузошт, навиштааст, ки  шаби гузашта бориши барфу борон дар масири роҳи Душанбе- Чаноқ идома ёфта, дар километрҳои 154 - 160 баландии барф зиёд гардид.

Страницы