Поёни аввалин ҷаласаи муштараки коллегия ниҳодҳои наҷоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Чоп шуд: 15/08/2018 | adminШиркаткунандагони аввалин ҷаласаи коллегияи муштараки ниҳодҳои наҷоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамкориҳои наздимарзӣ таъкид карданд. Ин ҷаласаи муштарак дирӯз баъди зӯҳр баргузор шуд ва имрӯз аз субҳ “мизи мудаввар” дар мавзӯъи “Ҳолатҳо ва хатарҳои эҳтимолии фавқулоддаи алоқаманд ба канда шудани сарбандҳои кӯлҳои баландӯҳҳо” оғоз ба кор кард.