Ширкаткунандагони аввалин ҷаласаи коллегияи муштараки ниҳодҳои наҷоти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамкориҳои наздимарзӣ таъкид карданд. Ин ҷаласаи муштарак дирӯз баъди зӯҳр баргузор шуд ва имрӯз аз субҳ “мизи мудаввар” дар мавзӯъи “Ҳолатҳо ва хатарҳои эҳтимолии фавқулоддаи алоқаманд ба канда шудани сарбандҳои кӯлҳои баландӯҳҳо” оғоз ба кор кард.
Бо мақсади татбиқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи ҳамкориҳо дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда аз 9 марти соли 2018, ҳамчунин рушд ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба 14 августи соли 2018 дар шаҳри Душанбе аввалин ҷаласаи муштараки коллегияи Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.
Ҳайати Ӯзбекистонро ҷонишини аввали Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон генерал-майор Абдулло Қулдошев сарварӣ намуд.
Дар арфти ҷаласа доираи васеъи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар сати коҳиши хатари офатҳо, чун ташкил ва роҳандозии системаи огоҳсозии барвақтӣ ва мониторинг ба объектҳои нисбатан хатарноке, ки дар қаламрави марзии байни ду кишвар ҷойгир шудаанд, ҳамчунин дар бораи тартиби табодули ахбор ва хабаррасонии аҳолӣ дар ҳолати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ дар ноҳияҳои марзӣ баррасӣ шуданд. Маърӯзаҳо ва рӯнамоии корҳои анҷомшуда, тарҳрезии роҳҳои нав оид ба беҳтар кардани ҳамоҳангсозиҳои муштарак низ шунида шуданд.
Аз рӯйи ҷамъбасти кори якҷояи коллегия Протоколи аввалин ҷаласаи муштараки идораҳои наҷоти ду кишвар, ҳамчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкориҳо миёни КҲФ ҶТ ва ВҲФ ҶӮ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда дар солҳои 2018-2019, Алгоритми табодули маълумот ва Регламенти ташкили ҳамкориҳо имзо шуданд.
Дар брифинги матбуотӣ роҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ва Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Ӯзбекистон ба муҳим будани чорабинии мазкур таъкид карданд ва қайд намуданд, ки ҳамкориҳои фаъолона дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи наздимарзӣ таҳким хоҳад ёфт. Ҳамчунин изҳори умед карданд, ки дар оянда низ ҷаласаҳои муштарак пайваста гузаронида хоҳанд шуд.
Қарор аст ҷаласаи навбатии коллегияи муштарак соли 2019 дар Ӯзбекистон баргузор шавад.