Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.

COVID-19: Марг бар асари коронавирус дар олам ба 1,5 миллион наздик мешавад. Шумори мубталоён дар Ӯзбекистон ба 71 774 нафар расидааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 59 миллиону 514 ҳазору 826 нафар эълон кард. Зарфи як шабонарӯзи гузашта боз 160 ҳазору 325 нафар сироят шудаанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам аз КОВИД-19 1 миллиону 402 ҳазору 028 нафар ҷон бохтаанд. Шумори фавтидагон дар шабонарӯзи гузашта 2 221  нафар гуфта шудааст. Бино ба омори ин манбаъ то кунун 41 миллиону...

Ҷаласаи Комиссияи шаҳрӣ дар Гулистон

Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода бо иштироки аъзои Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласаи навбатии он баргузор гардид. Дар ҷаласа ду масъала мавриди баррасӣ   қарор гирифт.

Аз рӯи масъалаи якуми ҷаласаи Комиссия дар бораи иҷрои

Тамрини мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Норак

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои мудофиаи граждании Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2020, дар давоми се рӯз дар шаҳри Норак машқҳои фармондеҳию ситодӣ оид ба мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи: «Амали ҳайати роҳбарикунанда ҳангоми гузариш аз ҳолати ғайриҷангӣ ба ҳолати ҷангӣ” баргузор шуд.

Ҷаласаи ноҳиявии Комиссияи ҳолатҳои фавқулода дар Ишкошим

Дар бинои Ҳукумати ноҳияи Ишкошими ВМКБ ҷаласаи Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда таҳти раёсати полковник Наим Мираков – сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ҷаласаи Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳо дар бораи корҳои ба нақша...

Страницы