Таҳти раёсати Раиси шаҳри Гулистон Бахтиёр Саидаҳмадзода бо иштироки аъзои Комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон оид ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласаи навбатии он баргузор гардид. Дар ҷаласа ду масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи якуми ҷаласаи Комиссия дар бораи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 "Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021" мудири бахши энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Фазлиддин Орифзода маърӯза карда, қайд намуд, ки барои омодагӣ ба давраи зимистон дар маҷмӯъ 544,4 ҳазор сомонӣ маблағ барои харидории сӯзишворӣ аз буҷети маҳаллӣ ҷудо гардида, захираҳои зарурӣ дар муассисаҳои буҷетӣ омода карда шудааст. Бо мақсади таъмини аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо бо ангишт, гази моеъ ва ҳезум 11 нуқтаи статсионарӣ ва сайёрӣ фурӯши онҳо ташкил карда шудааст.
Доир ба масъалаи “Омодагӣ ва банақшагирии чорабиниҳои пешгирикунанда аз ҳолатҳои фавқулода дар мавсими баҳори соли 2021” муовини раиси комиссияи ҳудудии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба ҳолатҳои фавқулодда Ҳикматулло Амонов суханронӣ намуда, зикр кард, ки дар 10 моҳи соли 2020 дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 2 ҳодисаи фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст.
Бо мақсади пешгирӣ аз сирояти COVID-19 дар муассисаҳои таълимии шаҳр 7 маротиба ва бо сарбозони қисми ҳарбии 45025 Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 маротиба корҳои таблиғотӣ оид ба риоя намудани қоидаҳои беҳдошти шахсӣ ташкил карда шуд. Ҳамзамон, аз тарафи шуъбаи безараргардонии шаҳри Гулистон 4 маротиба ҳудуди қисми ҳарбии мазкур безарар гардонида шуд. Аз тарафи гурӯҳҳои безараргардонии неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи граждании шаҳр дар маҳаллаҳо, кӯчаҳо ва гулгашту хиёбонҳои шаҳр ва хонаҳои истиқоматӣ 80 маротиба корҳои зиддиуфунӣ гузаронида шуд.
Аксияи умумишаҳрии “Худ ва дигаронро аз сирояти коронавирус эҳтиёт намо!” гузаронида шуд. Аз оғози мавсими оббозӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқшавии шаҳрвандон ва ба танзим даровардани обутобгоҳҳои обанбори “Баҳри тоҷик”-и шаҳр дар мавсими оббозии соли 2020 корҳои мушаххас ба анҷом расонида шуда, ягон ҳодисаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Селроҳаҳои ҷамоати шаҳракҳои Адрасмон, Консой, Зарнисор ва Навгарзан аз тарафи кормандони хоҷагии коммуналӣ ва бо ҷалби аҳолӣ тоза карда шуда, бо мақсади мустаҳкам намудани соҳили селроҳаҳо дар шафати селроҳаи мазкур шинонидани дарахтон ба роҳ монда шуд.
Раиси шаҳр Бахтиёр Саидаҳмадзода ба бахши нақлиёт ва коммуникатсия, корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳру шаҳракҳо оид ба дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани техникаҳои зарурӣ, захираҳои сӯзишворӣ ва маводҳои зидди лағзиш, тибқи нақшаи тасдиқшуда таъмири роҳҳои автомобилгарди шаҳр, ба шуъбаи маориф доир ба омодагии муассисаҳои таълимӣ тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ба мавсими зимистонгузаронӣ, ба шабакаҳои барқи Гулистон доир ба омода намудани иншооти барқтаъминкунӣ дар давраи зимистони солҳои 2020-2021, ба масъулини соҳаи тандурустӣдоир ба омодагии муассисаҳои тиббӣ ба мавсими сармо, инчунин тақвияти корҳои таблиғотӣ баҳри пешгирии ҳолатҳои фавқулода ва оид ба пешбинӣ намудани маблағҳои зарурӣ барои рафъи ҳолатҳои фавқулода дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар кори ҷаласаи комиссияи шаҳрӣ муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд полковник Анварҷон Қосимов иштирок ва суханронӣ намуд.
Ҳикматулло Амонов, сардори бахши Раёсати КҲФ дар шаҳри Гулистон