Дар бинои Ҳукумати ноҳияи Ишкошими ВМКБ ҷаласаи Комиссияи минтақавии ҳолатҳои фавқулодда таҳти раёсати полковник Наим Мираков – сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудифиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ ҷаласаи Комиссияи ноҳиявии ҳолатҳои фавқулода баргузор гардид.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳо дар бораи корҳои ба нақша гирифташуда дар фасли зимистон оид ба ташкили корҳои барфрӯбӣ дар роҳҳо, омодагии хадамоти роҳ, техника, наҷотдиҳандагон дар фасли зимистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ғайр аз он, бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус Нақшаи чорабиниҳои таблиғотӣ ва пешгирикунанда қабул ва тасдиқ карда шуд.
Аз рӯи масъалаҳои зикршуда ҳисоботи шахсони масъул шунида шуданд, пас аз ҷамъбасти ҷаласа қарорҳо оид ба иҷрои вазифаҳои гузошташуда қабул карда шуданд.