Бинои навтаъмиршуда барои наҷотдиҳандагони КҲФ ба истифода дода шуд (ВИДЕО)

7 декабри соли 2020, дар шаҳри Душанбе маросими ба истифода додани бинои ба тозагӣ азнавсозишудаи Раёсати ҷумҳуриявии хадамоти махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ин кор дар доираи лоиҳаи чорсолаи “Таҳкими иқтидори...

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳавои номусоиди чанд рӯзи оянда (ВИДЕО)

Бино ба маълумоти идораи ҳавошиносии кишвар то 12 декабр ҳавои номусоид дар назар дошта шудааст. Дар водиҳо борон меборад ва он тадриҷан ба барфи тар табдил меёбад. Дар кӯҳҳо ва баланкӯҳҳо резиши барфи шадид пешбинӣ шудааст. Табиист, ки ҳавои сарду боронӣ ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро мушкил мекунад. Яхбандӣ ва пайдо шудани ғарафи барф имкон дорад.

COVID-19: Шумори гирифторон дар олам ба 67,5 миллион наздик шудааст. Ҳукумати Қирғизистон маҳдудиятҳо ба вуруди хориҷиён аз тариқи ҳавопаймоҳоро лағв кард

Шумори сироятшудагон ба коронавирус КОВИД-19 дар олам ба 67 миллиону 445 ҳазору 940 нафар расид. Аз ин беморӣ 1 миллиону 542 ҳазору 679 нафар ҷон бохтанд. Теъдоди муолиҷашудагон 46 миллиону 636 ҳазору 129 нафар эълон шудааст. Ҳоло дар бемористонҳои олам 106 ҳазору 233 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.  Шабонарӯзи гузашта боз 39 сокини Тоҷикистонро чун мубтало ба COVID-19 ба қайд гирифтанд.

Наҷоти як саг, ки миёни ду контейнер банд шуда буд

Бино ба гузориши ҳамкорамон Шаҳзодабону Нириддинзода аз Раёсати Суғд шаби гузашта кормандони ин раёсат дар посух ба як занги телефонӣ, ки наҷотдиҳандагонро барои наҷоти як саги дармонда миёни ду контейнер мехонд, ин сагро наҷот доданд.

Бино ба ин гузориш шаби гузашта тақрибан соатҳои 23:45 дақиқа ба нуқтаи навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои

Дар Кореяи Шимолӣ мардеро, ки карантинро нақз кард, ба қатл расонданд

Ҳукуматдорони Кореяи Шимолӣ як мардеро, ки қоидаҳои карантиниро вайрон карда буд, ба қатл расонданд. Мақомот ахиран як силсила чораву тадбирҳои маҳдудкунанда барои тақвияти мубориза бар зидди коронавирус ҷорӣ карда буданд ва мегӯянд ин мард онро нақз кардааст. Дар ин бора нашрияи Radio Free Asia истинодан ба манбаъҳои худ хабар додааст. «Аз аввали моҳи ноябри соли равон Кумитаи марказии ҳизби

Страницы