Шумори сироятшудагон ба коронавирус КОВИД-19 дар олам ба 67 миллиону 445 ҳазору 940 нафар расид. Аз ин беморӣ 1 миллиону 542 ҳазору 679 нафар ҷон бохтанд. Теъдоди муолиҷашудагон 46 миллиону 636 ҳазору 129 нафар эълон шудааст. Ҳоло дар бемористонҳои олам 106 ҳазору 233 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд. Шабонарӯзи гузашта боз 39 сокини Тоҷикистонро чун мубтало ба COVID-19 ба қайд гирифтанд. Шумори умумии беморони коронавирус ба 12 428 нафар расидааст. Аз КОВИД-19 11833 (95,2%) нафар муолиҷа ва 87 нафар фавтидаанд.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки зарфи 24 соати сипаришуда одамон бештар дар Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ (308 218), минтақаи Аврупо (203 298) ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (47 679) ба коронавирус сироят шудаанд.
Истифода воксан аввалин натиҷаҳои худро медиҳад. Ҳаёт дар ИМА баъди оғози пандемия тадриҷан ба маҷрои худ бармегардад. Мақомот мегӯянд, моҳҳои январ ва феврал талошҳо натиҷаҳои бештар хоҳанд дод.
Маликаи Британияи Кабир Елизавета II ва шавҳараш бо тавсияи духтурони худ ҳафтаҳои наздик худро аз коронавирус эм мекунанд. Маликаи 94-сола ва шавҳари 99-солаи вай ҳамроҳ бо ҳама ҳамсолони худ, мардону занони синнашон аз 80 боло эм карда хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, ки хонадони шоҳаншоҳӣ дар мавриди навбат аз дигарон ҳеч имтиёзу увлавияте нахоҳанд дошт.
Дар Фаронса аз аввали ҳамагирӣ беш аз 55 ҳазор нафар аз коронавирус ҷони худро аз даст доданд ва 175 нафари онҳо шабонарӯзи гузашта фавтиданд.
Додгоҳи олии Олмон аз манъи раҳпаймоӣ, ки мухолифони локдаун мехостанд дар Бремен роҳандозӣ кунанд, ҳимоят кард.
Вазорати тандурустии Украина тавсия додааст, ки дар оғози соли оянда як карантини шадиди сеҳафтаина ҷорӣ шавад. Гуфта мешавад, ки аз аввали моҳи январ дар Украина метавонанд чораҳои карантиниро шадидтар кунанд.
Шабонраӯзи гузашта дар Туркия болотарин сатҳи гирифторӣ ба коронавирус аз моҳи марти соли равон ба қайд гирифта шуд. Мақмот гуфтаанд, ки бори аввал дар 24 соат 32 736 нафарро чун мубтало ба КОВИД-19 сабт кардаанд. Дар шумори кишварҳое, ки дар як шабонарӯз мубталои зиёдро ба қайд мегиранд, Туркия баъди ИМА, Бразилия ва Ҳинд дар ҷойи чорум қарор дорад.
Дар Эрон аз коронавиурус без аз 50 ҳазор нафар фавтидаву шумори гирифторон аз 1 миллион гузаштааст.
Молдова шабонарӯзи гузашта беш аз 800 сироятшудаи навро ба қайд гирифтаву теъдоди умумии мубталоён ба 116 365 нафар расидааст. Аз ин беморӣ то кунун дар ин кишвар 2419 нафар ҷон додаанд.
Дар Африқо мубталоён ба коронавирус ба 1,25 миллион нафар расидааст. Дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ 810 449 сироят шудаву 22 067 нафар фавтидаанд. Дар Марокаш сироятшудагон 376 738 ва фавтидагон 6184, дар Миср 118 014 нафар ба COVID-19 сироят шудаву аз он 6750 ҷон бохтаанд.
Дар Русия шабонарӯзи гузашта боз беш аз 29 ҳазор нафар чун гирифтори нав ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст, аз ин беморӣ 457 нафар ҷон бохтаанд. Дар ҳамаи 85 минтақаи Русия мубталоёни нав сабт шудаанд. Аз ҷумла дар Москав – 7512, Санкт-Петербург - 3753, Подмосковйе - 1295, вилояти Псков - 880, Нижегород - 484, Карелия - 469, Архангел -396, Свердлов - 389, Воронеж - 375, Вологода – 368 нафар.
Дар Қазоқистон дар шабонарӯзи гузашта 773 нафар сироятшудаи нав сабт шудааст, шумори умумии гирифторон ба 136 271 нафар расидаанд.
Ҳукумати Қирғизистон маҳдудиятҳо ба вуруди хориҷиён аз тариқи ҳавопаймоҳоро, ки пештар ба иллати авҷи коронавирус ҷорӣ карда буд, лағв намуд. Ҳамчунин маҳдудиятҳо барои ҳамаи хориҷиёне, ки ба ин кишвар барои назорат бар интихоботи президентӣ ва парламонии соли 2021 даъват шудаанд, лағв шуд. Шабонраӯзи гузашта дар ин кишвар боз 401 мубталои нав ба қайд гирифта шуда, шумори умумии гирифторон ба 74 774 нафар расидааст.
Вазорати тандурустии Ӯзбекистон хабар дод, ки шумори сироятшудагон ба COVID-19 дар кишвар ба 73 904 нафар расидааст. Аз оғози пандемия то кунун 71 173 нафар (96%) муолиҷа шудаанд.