Наҷоти як саг, ки миёни ду контейнер банд шуда буд

Бино ба гузориши ҳамкорамон Шаҳзодабону Нириддинзода аз Раёсати Суғд шаби гузашта кормандони ин раёсат дар посух ба як занги телефонӣ, ки наҷотдиҳандагонро барои наҷоти як саги дармонда миёни ду контейнер мехонд, ин сагро наҷот доданд.

Бино ба ин гузориш шаби гузашта тақрибан соатҳои 23:45 дақиқа ба нуқтаи навбатдории Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд истиқоматкунандагони маҳаллаи 31-ум бинои 9 а занг зад. Вай гуфт, ки  дар минтақаи мазкур дар байни 2 контейнер саге руст мондаасту баромада наметавонад.

Имдодгарон фаврӣ ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо роҳандозии амалиёти наҷот бо истифода аз  таҷҳизотҳои махсус сагро наҷот доданд.

ДИГАР МАТОЛИБ ДАР ИН БОРА: