7 декабри соли 2020, дар шаҳри Душанбе маросими ба истифода додани бинои ба тозагӣ азнавсозишудаи Раёсати ҷумҳуриявии хадамоти махсусгардонидашудаи ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ин кор дар доираи лоиҳаи чорсолаи “Таҳкими иқтидори коҳиш ва вокуниши офатҳои табиӣ», ки моҳи сентябри соли 2016 байни КҲФ, Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид ба имзо расидааст, амалӣ карда шуд.
Дар маросими бозкушоӣ Сарвари КҲФ, Роҳбари Барномаи Рушти СММ Пратибҳа Меҳта, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон ҷаноби Такаюки Мияшита ва як қатор роҳбарони ташкилотҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар суханронии худ аз шарикон барои дастгирӣ дар раванди таҷдиди бинои Дафтари наҷотдиҳандагони КҲФ изҳори миннатдорӣ намуд ва қайд кард, ки шароити барои наҷотбахшон фароҳам овардашуда ба корҳои наҷот таъсири мусбат хоҳад расонд.
Меҳмонон бинои нав таъмиршуда, утоқҳои кориро, ки бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд, аз назар гузаронданд. Мебел ва дигар ашёҳо аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, Агентии Оғохон оид ба Муҳити зист ва Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон харидорӣ шудаанд.
Бинои Раёсат аз ду ошёна иборат аст ва дорои синфхонаҳои махсус, гаражҳо, утоқҳои кории кормандони қисми наҷот мебошад. Ҳуҷраҳои фаннӣ ва синфхонаҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Инчунин, меҳмонон бо техника ва таҷҳизоти махсус, ки дар тавозуни Раёсат мебошанд, шинос шуданд.
Пас аз он ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба татбиқи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори коҳиш ва вокуниши офатҳои табиӣ» баргузор гардид. Дар ҷаласа Сарвари КҲФ генерал-лейтенант Рустам Назарзода, Сарвари Барномаи Рушди СММ хонум Пратибҳа Меҳта, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Такаюки Мияшита, Директори Агентстии беҳдошти замин ва ва обёрии назди Ҳукумати ҶТ Холмурод Раҳмон, Директори Агентстии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи табиати назди Ҳукумати ҶТ Диловаршо Дӯстзода ва дигар шахсони масъули татбиқи лоиҳа иштирок намуданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои татбиқи лоиҳа, натиҷаҳои бадастомада дар соли 2020 ва нақшаи кории солонаи лоиҳа барои соли 2021 баррасӣ карда шуданд.