Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз боди шадид ва чангу хок дар баъзе навоҳии кишвар
Чоп шуд: 10/09/2021 | redaktor
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки то 12-уми сентябри соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои ҷануби кишвар ва навоҳии тобеъи марказ шамоли пуршиддат, ки дар як сония аз 15 то 20 метр мевазад ва эҳтимоли ба вуҷуд омадани хокбоду хокрезиш дар назар дошта шудааст.