Вақтҳои охир хабарҳое мехонем, ки фалон зане дар ҳавопаймо таваллуд кардааст, кӯдаки солим ба дунё овардааст ва яке аз меҳмондорони (стюардесса) ҳавопаймо доягӣ кардааст. Ҳолате ҳам шуда, ки занонро ҳини фуруди ҳавопаймо дарди зоиш гирифтаву кӯдак ба дунё овардаанд. Баъзе хабарҳои нохуш ҳам буданд, ки зане дар ҳавопаймо кӯдаки навзод таваллуд кард ва ӯ фавтидааст. Алабатта, шароити ҳавопаймои мулкӣ зоишгоҳӣ нест ва метавонад ҳар ҳолат рӯх диҳад. Аз ин рӯ, суоле пеш омадааст, ки оё занони ҳомила иҷозати сафар бо ҳавопаймо доранд?
Посухи Академики АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор Мунаввара Додхоева.
Посухи ин суол осон нест. Бо он ки ҳомилагӣ беморӣ нест, вале хуб мешавад агар пеш аз парвоз шумо ҳатман бо гинекологи худ маслиҳату машварат кунед. Дар бисёр ҳолатҳо зоиш ҳам бе мушкилӣ мегузарад ва духтурон ҳам ба сафари шумо монеъ намешаванд. Вале ҳолатҳо ва лаҳзаҳое ҳастанд, ки бонувони ҳомила пеш аз сафар бо ҳавопаймо бояд донанд.
Бисёре аз духтурон дар семоҳаи аввали ҳомилагӣ (14 ҳафтаи аввал) сафар бо ҳавопайморо тавсия намедиҳанд. Зеро маҳз дар ҳамин 14 ҳафтаи аввал зани ҳомила ҳамаи нишонаҳои заҳролудиро аз сар мегузаронад. Аз сӯи дигар дар семоҳаи аввал хатари бачапартоӣ зиёд аст ва як сабаби он метавонад норасоии оксиген, поин рафтани фишор, стресс, шиддати эҳсос, шӯру ғавғо, ларзиш ва ғайра бошад.
Дар ҳафтаи 28 ва аз он болотар низ аз парвоз худдорӣ карданро тавсия медиҳанд. Дар ин муддат низ хавфи пеш аз муҳлат таваллуд кардан ва организм ба зоиш омода мешавад. Дар ин давра эҳтимолияти ба вуҷуд омадани фишори варикозии васеъшавии раги варид ва омос вуҷуд дорад. Тавсия мешавад, ки ба хотири эмин будан аз хатари эҳтимолӣ ба тавсияҳои духтурон гӯш диҳанд.
Аммо баъди 14 ҳафтаи ҳомилагӣ, яъне дар триместри дуюм занон худро хубтар ҳис мекунанд ва духтури момодоя метавонад ба парвоз иҷозат диҳад.
Аслан бисёр хуб мешавад, ки дар давоми ҳомилагӣ парвозро занон ба накша нагиранд, чунки назар ба баъзе маълумотхо эҳтимолияти хатари пайдо шудани бемории аутизм дар тифлакон ҷой дорад.
Қоидаҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ
Ҳар ширкати ҳавопаймоӣ вобаста ба шароити худ қоидаҳои хосе барои занони ҳомила дорад ва бонувони азизро лозим меояд, ки ҳангоми нияти сафар қаблан бо қоидаҳои ширкати ҳавопаймоие, ки аз хидмати он истифода бурданианд, аз наздик шинос шаванд.
Масалан, баъзе ширкатҳо аз занони ҳомилае, ки муҳлати ҳомилагиашон ба 36 ҳафта нарасидааст, ягон маълумотнома талаб намекунанд. Вале агар муҳлати ҳомилагӣ бештар аз 36 ҳафта бошад, пас маълумотномаи тайиншудаи духтури муолиҷавӣ ҳатмӣ аст. Дар ин ҳолат ҳаминро ҳам бояд донист, ки зани ҳомила на бештар аз 7 рӯз қабл аз парвоз ба қабули духтури муолиҷагари худ рафта бошад. Зеро ӯ метавонад дақиқ муайян намояд, ки вазъи саломатии зани ҳомиладор дар кадом ҳолат қарор дорад, фишори хун, мушкилоти дил ё оризаҳои музмин ва ё муваққатӣ дорад, ё надорад. Зимни ин муоинаҳо метавонад ба шумо тавсия диҳад, ки бо ҳавопаймо сафар кунед ё не.
Аммо ҳар як ширкати ҳавопаймоӣ талабот ё муқаррароти худро дорад. Аз ин рӯ хуб мешуд, агар то парвоз аввал бо ин қоидаҳову низомҳо пурра ошно шаванд, то ки дар фурудгоҳ ба мушкилӣ рӯ ба рӯ наоянд.
Баъзе машваратҳо ҳангоми парвоз
Вале агар иҷозаи парвоз ёфтед, пас чӣ бояд кунед?
Зимни парвоз ба ҳузуру ҳаловати зани ҳомила бояд диққати зиёд дод. Барои худ ҳамеша дар аввали салон ҷой интихоб кунед ва агар имкон дошта бошед, пас хуб мешуд дар бизнес-класс билет харед.
ДАР ЁД ДОШТА БОШЕД: салон ҳангоми парвоз метавонад сард бошад, аз ин рӯ ҳамроҳи худ ҳатман либоси гарм гиред, вале агар фаромӯш карда бошед, пас аз стюардесса хоҳиш кунед ба шумо кумак расонад.
Либоси шумо бояд муносиб, яъне кушод ва озод бошад. Зери гарданатон бояд болиштаки дамкардашуда (бо худ дошта бошед) гузоред ва дар миёнатон рӯмоли шоли ғафс бандед.
Ҳаргиз бехатарии худро фаромӯш накунед, ҳатман камарбанди амниятии худро бубандед. Аммо дониста бошед, ки ин камарбанд ҳатман аз поини шикам бояд баста шавад.
Барои он ки пойҳо ва мушакҳои кос варам накунанд, ҳар 30 дақиқа пас дар салон гардиш кунед ва бо ин васила шумо замони парвозро ҳам кутоҳ мекунед.
Занони ҳомила бояд ҳатман тез-тез оби тозаи дар бутил бударо нӯшанд, чунки бо сабаби хушк будани ҳаво дар дохили ҳавопаймо, хавфи баланд шудани қобилияти шахшавии хун ва тромбози рагҳо меафзояд. Қаҳва ва чойро набояд истеъмол кунанд.
Инчунин бо худ гирифтани салфеткаҳои антисептикӣ ҳатмӣ ва зарур аст, зеро он барои тоза кардани ҷойҳое, ки дорои инфексия мебошанд, масалан тез-тез коркарди дастҳо, дастмонакҳо, рӯи столикҳо ва дигар ҷойҳои шубҳанок ба кор меояд.
Мунаввара Додхоева Академики АМИТ, доктори илмҳои тиб, профессор