Хабарҳои рӯзи гузашта: заминларза, ҳалокати ноболиғ ва ҳамлаи хирс ба чорво

Бино ба ахбори фаврии Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар заминларза, як ҳодисаи нохуш дар об ва ҳамлаи хирс ба рамаи ҳайвонот ба қайд гирифта шуд.

Бино ба маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми майи соли равон соати 18:07 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар ҳудуди Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Ҳашар дар Хатлон ба хотири омодагӣ ба селҳои эҳтимолӣ

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади омодагӣ ба мавсими обхезӣ, инчунин пешгирии эҳтимоли рух додани офатҳои табиӣ, аз қабили селу ярч дар минтақаҳои хатарноки воқеъ дар ноҳияҳои Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон, бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ селроҳаҳо, ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳоро аз ҳар...

Мулоқоти генерал Назарзода бо Арно Вики

Ҳафтаи ҷорӣ мулоқоти Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода бо ҳайати Агентии Швейтсарии рушд ва ҳамкорӣ бо сарварии Ҷонишини ёвари директори генералӣ, Роҳбари департаменти кишварҳои Осиё, Амрикои Лотинӣ ва ҳавзаи давлатҳои Кариб ҷаноби Арно Вики доир шуд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз тӯфони гарду ғубори рӯи 12-уми май. Чӣ бояд кард? Чанд тавсияи муҳим

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари тағйири боду ҳаво рӯзи 12-уми майи соли равон дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе тӯфони гарду ғубор дар назар дошта шудааст.

Донишмандон сабабҳои илмии гармшавии бесобиқаи об дар уқёнусҳои оламро намедонанд. Ин чӣ паёмад хоҳад дошт?

Гармоиши башиддати уқёнусҳо донишмандонро нигарон кардааст ва онҳо ба ин назаранд, ки ин раванд метавонад ба гармшавии иқлим бештар муосидат кунад.

Моҳи апрели соли равон оби уёнусҳо ба ҳадде гарм шуд, ки дар гузашта, аз замони мушоҳидаҳо ба ин ҳад гарм нашуда буд. Олимон ҳоло намедонанд, чаро ин ҳолат пеш омадааст, вале аз он гигаронанд, ки ин метавонад охири соли оянда...

Страницы