Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда намояндаи ҳарбии Сафорати ИМА дар Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва намояндаи низомии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибати офатҳои табиӣ таъкид карданд.

Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Раиси Кумита, генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон  бо сарварии Намояндагии ҳарбӣ  Даниэл Н.Зайтунян баргузор шуд.

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Панҷакент

Бо мақсади татбиқи амалии дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Комиссияи давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда аз 10-уми феврали соли 2017 ироа шуда буд, КҲФ Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар самти мудофиаи гражданӣ ва пешгириву бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаро таҳия карда буд.

Муқобилият бо терроризм як самти муҳими фаъолияти кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аст

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқобилият ба экстремизм ва терроризм дар солҳои  2016-2020” дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсии Дастгоҳи марказӣ бо намояндагони Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати

Дарсҳои аввалин барои наваскарони қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шуруъ шуданд

Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рашт дарсҳои аввалин барои наваскарон баргузор гардиданд.

Дар аввалин машғулият ба наваскарон дар бораи таърихи мудофиаи гражданӣ, таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳадафҳо ва вазифаҳои Кумита маълумот доданд.

Дар Минск чӣ гузашт?

Тавре хабар дода будем, 17-18 – уми октябри соли 2017 дар шаҳри Минск даҳумин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) баргузор шуд.  Дар ин ҷаласа Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенант Рустам Назарзода, роҳбарони хадамоти наҷоти Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Қазоқистон, Арманистон,

Страницы