Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо ширкат дар мусобиқоти варзишии вилояти Хатлон се ҷойи аввалро ишғол ва номи худро чун ғолибони ин мусобиқот сабт карданд.
Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар мусобиқоти ҳарбӣ-варзишии Вазорати мудофиаи кишвар иштирок карданд. Ин мусобиқаҳо ба 25-солагии ташкилёбии Неруҳои мусаллаҳи мамлакат бахшида шуда буд ва дар он тимҳо аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии вилоят иштирок намуданд.
Мусобиқоти варзишӣ дарбаргирандаи намудҳои варзиши волейбол ва ҷанги тан ба тан буд. Маврид ба ёдоварист, ки дар ду намуди варзиш ҳам кормандони Раёсати Хатлон хуб ҳунарнамоӣ карданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқаи варзишии ҷанги тан ба тан кормандони Раёсати Кумита аз рӯйи вазнҳои худ ҳама ҷойҳои аввалро ишғол намуданд.
Аз ҷумла:
- дар вазни то 100 кило ҷойи аввалро прапоршик А.Раҷабов ишғол намуд;
- ҷойи дуюмро дар вазни 90 кило лейтинант К.Хидиров ишғол кард;
- лейтенант С.Насриддинов дар вазни то 80 кило соҳиби ҷойи сеюм гардид.
Ҳадафи аслии роҳандозии ин гуна мусобиқаҳо ҷалби бештари хизматчиёни ҳарбӣ ба варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим миёни онҳо ва баланд бардоштани малакаҳои ҳарбӣ-варзишӣ мебошад.
Ҳамкорони худро барои ин пирӯзӣ самимона муборакбод мекунем! Интизори навидҳои нав аз ин пирӯзиҳоем!